Аз Хуҷанд ба Новосибирск ва баръакс дар ду рӯз як бор автобус ҳаракат мекунад. Маълум кардем, ки он аз куҷо, тариқи кадом масир, чанд рӯз ҳаракат мекунад ва барои ин чанд пул пардохт бояд кард.
Тоҷикистон ва Русия барои барқарор кардани хатсайри автобус миёни шаҳрҳои Новосибирск ва Хуҷанд ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Русия иттилоъ додааст. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ин хатсайр нав набуда, айни ҳол амал мекунад, танҳо ҷониби Русия онро бо назардошти баъзе дигаргуниҳо дар ҷадвали ҳаракат аз нав ба расмият медарорад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, мактуб ба ҷониби Русия хеле барвақт ирсол шуда буд ва то имрӯз бояд тасдиқ мегардид. Вале бо сабабҳои номаълум он ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Бо вуҷуди ин, хатсайри мазкур дар ҳоли ҳозир мувофиқи ҷадвал ба интиқоли мусофирон машғул аст.
Аз Вазорати нақлиёт гуфтанд, хатсайри мазкур аз рӯйи ду ҷадвал ҳаракат мекунад. Мувофиқи ҷадвали аввал автобус аз шаҳри Хуҷанд дар ду рӯз як бор соати 22:20 ҳаракат мекунад ва баъди 50 соату 30 дақиқа соати 3:25 ба шаҳри Новосибирск мерасад. Аз Новосибирск бошад, боз ҳам дар ду рӯз як бор соати 10:25 ҳаракат карда, баъди муддати зикршуда соати 10:40 ба Хуҷанд мерасад.
Мувофиқи ҷадвали дуюм бошад аз шаҳри Хуҷанд соати 12:15 ҳаракат карда, соати 16:45 ба Новосибирск мерасад. Аз ҷониби Русия соати 14:30 ба роҳ мебарояд ва 15:00 ба Хуҷанд мерасад.
Гуфта мешавад, ки автобус дар ин масир аз ҳудуди Ӯзбекистон ва Қазоқистон убур карда, аз гузаргоҳҳои сарҳадии “Фотеҳобод – Ойбек” (миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон), “Гишткуприк – Жибекжоло” (миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон) ва “Тосаг – Павловка” (миёни Қазоқистон ва Русия) гузар мекунад.
Роҳкиро аз ҷониби Тоҷикистон 1000 сомонӣ ва аз ҷониби Русия 9 ҳазор рубли русӣ (923 сомонӣ бо қурби 26.11.24) аст.
Бояд гуфт, равуои автобусу қатора дар аксар масирҳо байни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз соли 2020 дар замони пандемияи COVID-2019 қатъ гардида буд. Баъди беҳ шудани вазъ баъзе аз хатсайрҳо ҳаракатро дубора барқарор карданд. Аз ҷумла ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон моҳи апрели соли 2023 равуои мунтазами автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав барқарор намуд.





Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста