Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” дар бораи марги Таронаи 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстон, раиси шаҳри Панҷакент ба ин деҳа рафта, дастур додааст, ки барои бунёди мактаб замин ҷудо карда, лоиҳаи мактабро омода кунанд.
Дар шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент рӯзи 25-уми ноябр ба деҳаи Бӯстон рафта, ба масъулин супориш додааст, ки аз ҳисоби қитъаи замине, ки солҳо боз истифода намешавад, барои бунёди мактаб замин ҷудо кунанд.
“Раиси шаҳр ба ниҳодҳои марбутаи ҳукумати шаҳри Панҷакент дар хусуси ҷудо кардани қитъаи замин барои сохмони мактаб дар деҳаи Бӯстон ва таҳияи лоиҳаи бинои он супориш доданд. Алҳол ҳудуди заминро муайян мекунанд, баъди он корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва лоиҳакашии бинои мактаб шуруъ мешавад”, - гуфтанд дар шаҳдории Панҷакент.
Тибқи иттилои шаҳрдории Панҷакент, зимни боздид аз деҳаи Бӯстон Абдухолиқ Холиқзода ба дидори хонаводаи Тарона Ниёззода, хонандае, ки чанде пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳангоми бозгашт аз мактаби деҳаи ҳамсоя ҷон бохта буд, рафта ҳамдардӣ баён кардааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/342941/%D1%80%D0%B0%D0%B8%D1%81.jpg)
Фатҳулло Иброҳимов, раиси деҳаи Бӯстон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки раиси шаҳри Панҷакент ба масоҳати 60 сотих замин аз ҳисоби заминҳои солҳо боз бекорхобида барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон интихоб карда, ба масъулин ҷиҳати ҳуҷҷатгузории он дастур додааст.
“Имрӯз раиси ҷамоати Рӯдакӣ (деҳаи Бӯстон шомили ин ҷамоат аст) пешниҳодро ба шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент супорид. Акнун шӯъбаи маориф пешниҳодро ба ҳукумати шаҳр равон мекунанд ва корҳои ҳуҷҷатгузории замин бо баромадани қорори раиси шаҳри Панҷакент ба охир мерасад. Вақте сертификати замин омода шуд, баъдан ба бунёди мактаб оғоз мекунанд”, - гуфт Иброҳимов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми октябри соли 2024, Тарона Ниёззода - хонандаи синфи ду аз деҳаи Бӯстони Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб, дар садамаи нақлиёт ҷон бохт. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаи худ роҳи тӯлониро тай карда, қад-қади роҳи мошингард ба деҳаи дигар барои таҳсил мерафт ва ҳамин тавр боз бармегашт. Марги духтараки 9-сола мушкили дерини норасоии мактабро дар ин деҳа бори дигар доғ кард.
Деҳаи Бӯстон 27 соли пеш таъсис ёфтааст ва мушкили набудани мактаб дар ин деҳа чандин сол аст, ки мубрам мебошад. Мақомот низ аз ин огоҳанд. Барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон, 14 соли пеш қарори раиси шаҳри Панҷакент ва раиси вилояти Суғд баромада буд. Барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ба масоҳати 1 гектар замин интихоб шуда буд. Вале ба хотири обӣ будани замини интихобшуда қарори ҳукумати кишвар ба тасвиб нарасидааст.
Тафсилоти қазияи марги Тарони 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакентро аз ин матлаби мо, “Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад? хонда метавонед.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста