Рӯзҳои 1 ва 2 сентябри соли 2016 сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаҷимэ Китаока дар маросими анҷом ёфтани 3 лоиҳа дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ширкат варзид.
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) барои иҷрои лоиҳаҳо 301,163 доллари ИМА маблағгузорӣ гардид. Хадафи аслии лоиҳаҳои мазкур дастрас намудани техникаи вазнин, сохтмони маркази занон ва сохтмони бинои нави мактаб мебошад.
Рӯзи 1-ми сентябри соли равон маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи вазнин барои рушди зерсохтор дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» баргузор гардид. Барои дастрас намудани техникаи вазнин, ки бо максади тоза кардани роҳ ва каналҳои оббёрии ноҳия ва мустаҳкам кардани соҳилҳои дарё ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маблағи умумии 97,624 доллари ИМА ҷудо гардид. Таъмири роҳҳои дохили ва нигоҳубини каналҳои оббёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо тавассути техника ва олоти навин барои кишоварзон шароити боазмтар фароҳам оварда сатҳи зиндагии сокинони маҳаллиро беҳтар менамояд.
Рӯзи 2-ми сентябр маросими анчом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази занон дар шаҳри Панҷакент» баргузор гашт. Ташкилоти ҷамъятии “Занони Шарқ” барои сохтмони Маркази захиравии занон маблағи 100,340 доллари ИМА дастрас намуда дар ин марказ ба занон ва кудаконе, ки чабрдидаи зуроварихои мухталифанд, хизматҳои иҷтимои, ҳуқуки, ва равони мерасонад. Маркази нав барои гурӯҳҳои дилхоҳ хамчунин омӯзиши касбӣ ва курсҳои компютерӣ ва забономӯзи пешниҳод менамояд.
Худи ҳамон рӯз, маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №15 дар деҳаи “Угук”-и ҷамоати ба номи Исмоили Сомонӣи ноҳияи Деваштич» баргузор гашт. Грант ба маблағи 103,199 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои сохтмони бинои нави мактаби №15 дода шуд. Бино аз 8 синфхона, хуҷрахои омӯзгорон ва директор иборат буда ҳоло мактаббачагон метавонанд дар муҳити бароҳату сареъ омӯзиш гиранд.
Дар давоми маросимҳо Сафир Китаока дар суханронии хеш қайд намуд, ки лоиҳаҳои GGP барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллии Тоҷикистон назаррасанд ва ба рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон вусъат мебахшанд. Раисҳои мақомотҳои ҳар як ноҳияи фавкуззикр миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷопон барои кумак ба рушди минтақа изҳор намуданд.
Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.



