Ховаршинос Зафар Мирзоён, нависанда Зариф Ғулом, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуоти даврӣ ва Умед Ҷумъаев, журналисти телевизиони кӯдакону наврасон - “Баҳористон” дар бахши телевизион имсол сазовори ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд.
Ҷоизаи мазкур 11 март, дар рӯзи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани маводи пешниҳодшуда, имсол дар бахши таҳқиқот дар соҳаи ВАО ва радио ба касе ҷоиза тақдим карда нашуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад:
- матбуоти даврӣ
- радио
- телевизион
- тадқиқот дар соҳаи ВАО.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқот дар самти ВАО тақдим мегардад.
Ҳамчунин, ҷоизаи дигари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳидҷон Асрорӣ ба рӯзноманигорони ҷавон Саидҷон Ҳалимзода ва Муллонеъмат Салимзода тақдим карда шуд. Ин ҷоиза барои журналистони ҷавон ва донишҷӯёни факултаи журналистика таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад. Имсол 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста