ЭЪЛОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР
Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) -и лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар доираи амалисозии лоиҳаи “Шукуфои Тоҷикистон: Шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои иҷрои корҳои сохтмонии зерин даъват менамояд:

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро тариқи почтаҳои электронии [email protected] ё [email protected] баъди пардохти маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери 100 (сад) сомони барои як лотро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад.
Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ
Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990; е-mail: yodgor.sherzamonov@akdn.org
Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: 93-885-89-89; е-mail: [email protected]
Дар ш. Душанбе: Таибов Шосафед, телефон: 937705077; е-mail: [email protected]
Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 14-уми июли 2021 соати 12:00 мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз муҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.
Диққат! Иштирокчиёни тендер соати 14.00 санаи 14-уми июли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК ба суроғаи ш. Хоруғ кӯчаи Ленин 62 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани пешниҳодоти тендерӣ даъват карда мешаванд. Пешниҳод ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.
Намояндагони ширкатҳои довталаб барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳои тендерӣ ба суроғаҳои болозикршуда даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд.
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста