Дирӯз, 25-уми сентябр, дар гузаргоҳи Қизил-Бел роҳбари КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев мулоқот намуда, барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ музокирот карданд. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ дод.
Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев "изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Камчибек Ташиев гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд 3- тои посгоҳ ва 1-тои пойгоҳи марзӣ аз ҳарду ҷониб аз байн бардошта шавад, хабар медиҳад АКИpress.
Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача аз тарафи Қирғизистон ва Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд.
Ба гуфтаи Қамчибек Ташиев, зимни мулоқот ҷонибҳои дар бораи кори комиссияи демаркатсия ва делимитатсияи марзи давлатӣ низ табодули назар карда, тасмим гирифтанд, ки фаъолияти он суръат бахшида шавад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти роҳбари КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари “ҷанги иттилоотӣ ва дипломатӣ”-и ду ҷониб баргузор гардид. Пас аз имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи марзӣ аз 19-уми сентябри 2022, ки барои хомӯш кардани оташи низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар доир шуд, ҳар ду тараф ҳамдигарро ба поймол кардани бандҳои созишнома ва иҷро накардани он гунаҳкор намуда, изҳоротҳо нашр карданд.
Гузашта аз ин, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз минбари СММ суханронӣ кард ва Тоҷикистонро барои оғози низоъ гунаҳкор намуд. Дар пайи ин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ аз минбари СММ ба суханони Содир Ҷабборов посух дод ва далелҳои овардаи президенти Қирғизистонро инкор ва воқеиятро, ки аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи нерӯҳои қирғиз далолат медод, иброз дошт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста