Дар қаламрави Тоҷикистон ҳафтаи равон бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чангу хокбориш дар назар дошта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14 – 15-уми июл дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво ва гарду чанг пешбинӣ мешавад.
Дар байни мардум он чун “тӯфони афғонӣ” маъруф аст.
Дар ҳамин иртибот, Кумита барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид чунин тавсия медиҳад:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2 - 2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед, ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин, шумо метавонед, тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 занг занед ё бо қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 тамос гиред.
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
(83139) 2-60-74, 2-60-45.
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05; 2-78-28.
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
(83322) 2-36-60; 2-34-73.
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57; 2-53-47.
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72; 5-15-55.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста