Имрӯз, 15-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуввуми сафари кории худ ба вилояти Хатлон якқатор иншоотҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод, ки сараввал роҳбари давлат дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ифтихори Ватан»-ро мавриди истифода қарор дод, ки он дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 коргару мутахассиси маҳаллӣ коркард менамояд.

Масоҳати умумии замини корхона 1 гектарро ташкил дода, он бо дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадонаи пахта, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.

1/4

Корхона дар марҳилаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.

“Дар ҳаминҷо ба Роҳбари давлат номгӯи гуногуни тухмиҳои аълосифати зироати ғалладонагӣ, картошка, пахта ва молу маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Кӯшониён муаррифӣ гардид”, - гуфт хадамоти матбуот.

Дар идомаи сафари худ Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо лоиҳаи биноҳои касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт шинос шуд.

Мактаб-интернат барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуда, он аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.

1/8

Тибқи иттилоъ, ҳоло дар муассиса 285 нафар кӯдаки ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шуда, хобгоҳи он аз се ошёна барои 350 кат бо нуқтаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 85 нафар кӯдаки ятиму бепарастор дар мактаб-интернат туҳфаҳо, аз маҷмуи либоси зимистона, шиму костюм, болопӯш, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ширинӣ, кумаки молии яквақтаина ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбат оростааст.

Роҳбари давлат дар ин ноҳия ҳамчунин, Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1»-ро мавриди истифода қарор додааст, ки он аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Онро соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд шудааст.

1/4

“Дар коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос барои 18 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳияи Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас шуда, коркард ва банду баст мешавад. Дар коргоҳи нав меваи хушк ва дигар маҳсулот бастабандӣ гардида, дар шакли тайёр барои содирот омода мешавад”,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Дар идома сарвари давлат, Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар заминаи татбиқи лоиҳаи  «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», марҳилаҳои мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.

1/4

Он аз ҷониби ҶДММ «Манора сохтмон» таъмир шуда, дар муассисаи тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ, махусан, дастгоҳҳои зарурии ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва сабти барқии дил аз давлатҳои Олмон, Ҷопон, Амрико, Испания, Италия ва Чин бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб шудааст.

Дар ноҳияи Вахш Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷии ҶДММ “Насими Вахш”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод,  ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсуфзода сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

1/5

Дар корхонаи «Насими Вахш» асосан ҷӯроб, либоси ягонаи мактабӣ ва дигар намуди либосҳои фармоишӣ истеҳсол мешавад. Дар коргоҳи нассоҷии корхона 250 дастгоҳи ҷӯроббофӣ, 15 дастгоҳи худкор ва 7 дастгоҳи тамғагузории истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидаанд.

Дар корхонаи «Насими Вахш» 180 нафар занони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ бо васеъ намудани доираи фаъолият афзоиш дода мешавад.

Баъдан, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон идома кард. Ӯ дар ин ноҳия бо маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуда, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Моҳир инвест»-ро ба истифода дод.

Дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи «Кроснадар» ва дар 3 гектар картошкаи навъи  «Галла» кишт  шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

1/5

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектар замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.

Корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардида, дар он 230 нафар, ки аксари онҳо сокинони  маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст амалӣ шуда, дар он асосан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) ба роҳ монда шудааст.

1/6

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон мебошад.

Дар корхона чор намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ истеҳсол мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 14-уми декабр ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва як қатор иншоотҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар шаҳру навоҳии ин вилоят ба истифода дод.

Аксҳо аз Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.