Милитсияи вилояти Суғд як ҷавонро боздошт кардааст, ки ба фурӯши силоҳи сард, мисли корду ханҷарҳои кисагӣ машғул аст. Аз ин ҷавон наздикӣ 30 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Манбаъ аз ин ҷавон Сайдуллохӯҷа Нормаҳмадов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда, гуфтааст, ки дар доираи амалиёти “Корд” аз ӯ дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд 26 адад корду ханҷари кисагӣ дарёф карда шуд.
“Нисбати Сайдуллохӯҷа Нормаҳмадов барои нигоҳ доштан ё фурӯши... силоҳи сард (моддаи 492) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз гардида, тафтишот идома дорад”, - гуфт Акбар Шарифӣ.
Ин банди қонунгузорӣ аз 72 то 144 сомонӣ ё аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисбоҳо 72 сомонӣ) ҷарима муайян кардааст.

Тавре дар барнома зикр мешавад, амалиёти “Корд”дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз истифодабарии наврасону ҷавонон аз олотҳои тезу бурранда, бо худ гирифта гаштани ҳаргуна предметҳои теғадору осебрасонанда роҳандозӣ шудааст.
Тавре дар барнома зикр шудааст фурӯши асбобҳои бурандаю халанда тибқи қонун манъ буда, фурӯши ин гуна асбобҳо ҷиноят аст.
“Зеро дар таҷрибаи амалии фаъолияти мақомоти милитсия борҳо бо истифода аз корд ва предмету ашёҳои халандаю бурранда ё сахту карахт ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёту саломатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар баъзан маврид фоҷеавӣ анҷомидааст”, - гуфта мешавад дар барнома.
Қаблан, милитсияи Душанбе ва Хатлон ҳам амалиёти “Корд” гузаронида, аз чандин фурӯшанда ва ноболиғону ҷавонон садҳо силоҳи сард, мисли корду ханҷарҳои кисагӣ, кастет, битта, электрошокер ва табар дарёфт ва мусодира карда буданд.
Гуфт мешавад, ки баъзан дар муноқишаҳои кӯчагӣ ҷавонону наврасон аз чунин силоҳҳои сард истифода мекунанд, ки баъзе вақт боиси марги ҳамсолонашон мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста