Нашриёти “Дор ал-фикр-ал-арабӣ” дар шаҳри Қоҳираи Миср китоби Назруллоҳи Назар, арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Ҷозибияту-л-Қоид” (Ҷозибаи Пешво)-ро ба табъ расонид.
Ин нахустин китоб ба забони арабӣ аст, ки хонандаи арабро бо рӯйдодҳои Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ, корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу истиқрор, гузоштани гомҳо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии устувор, ташаккули сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”, боло рафтани нақш ва обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинос мекунад.
Китоб бо услуби публистикӣ ва бадеӣ таълиф шуда, диди муаллифро роҷеъ ба рӯйдодҳои фоҷеавӣ ва тақдирсоз, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз сар гузаронидааст, арзёбии муносибатҳои Тоҷикистон бо олами хориҷиро инъикос мекунад.
Шоистаи ёдоварӣ аст, ки нашриёти мазкур пеш аз ин асари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои мисрӣ ба забони арабӣ ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) нашр карда буд.
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста