Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки ҷангҷӯёнаш қароргоҳи Толибон* дар Панҷшерро ҳадаф қарор дода, 13 узви ин гурӯҳро куштаанд. Толибон рух додани инфиҷор дар Панҷшерро тасдиқ кардаанд, вале гуфтаанд 6 нафар захмӣ шуд.
Ҷабҳаи муқовимат бо нашри як баёния, ки рӯзи шанбе нашр шуд, гуфтааст, шоми 4-уми октябр нерӯҳои ҷабҳа ба қароргоҳи вазорати дифои Толибон дар Панҷшер ҳамла кардаанд.
“Дар натиҷаи ин ҳамла 13 тан аз афроди Толибон кушта ва ду тан захмӣ шудаанд”,-омадааст дар баёнияи ҷабҳа.
Толибон вуқуъи инфиҷор дар Панҷшерро таъйид карданд, аммо гуфтаанд, он дар яке аз меҳмонхонаҳои вилоят рух дода, дар пайи ин ҳодиса танҳо 6 нафар захмӣ шудаанд.
Обидуллоҳ Форуқӣ, сухангӯи пулиси Толибон гуфтааст, захмиҳо ба бемористон бурда шудаанд ва вазъияташон вахим нест. Ин узви гурӯҳи Толибон афзудааст, ки инфиҷори суратгирифта хисороти молӣ надошт.
Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимат даъво дорад, ин ҳамла яке аз пурталафтарин ҳамлаҳояш ба Толибон дар моҳҳои ахир аст.
“Дар ин амалиёти муваффақ, ки талафоти сангин бар душман ворид шуда, ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ осебе нарасидааст”, - гуфта мешавад дар баёнияи Ҷабҳаи муқовимат.
“Азия-Плюс” иддаои ҳарду тарафро мустақилона тавассути манобеи дигар таъйид ё рад карда наметавонад.
Бояд гуфт, ки ду гурӯҳи низомии зидди Толибон, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи озодӣ, созмонёфта аз низомиёни собиқи Афғонистон ҳар чанд вақт аз ҳамла ба афрод ва қароргоҳҳои Толибон дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон хабар медиҳанд. Вале ҳукумати Толибон бештар вақт ин гузоришҳоро рад мекунад ва таъкид мекунад, ки амният дар Афғонистон таъмин аст.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Миллали муттаҳид моҳи гузашта дар гузориши семоҳаи худ, ки аз 4-уми май то 31-уми июлро дар бар мегирад, изҳор дошт, ки ин ду ҷабҳаи алайҳи Толибон дар давоми се моҳ 73 ҳамларо бар зидди ин гурӯҳ анҷом додаанд. Дар асоси ин гузориш дар ин муддат Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 52 ва Ҷабҳаи озодӣ 21 ҳамларо созмон ддодаанд.
Худи Толибон танҳо таҳдиди “ДОИШ-и Хуросон” ба амнияти ин кишварро тасдиқ мекунанд.
Қаблан, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар баёнияе иддаъо кард, ки ДОИШ бо истифода аз холигиҳои амниятии ҳукумати Толибон қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон, махсусан ба сафорати Русия дар Кобулро дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста