Саидҷаъфар Усмонзода, раиси аз вазифа барканоргардидаи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва вакили парлумони Тоҷикистон, ки ҳудуди панҷ моҳ пеш аз ҷониби додситони кулли кишвар “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” гумонбар дониста шуда, баъди иҷозаи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳабси пешакӣ гардид, имрӯз 64 солро пур кард.
Ӯ айни ҳол дар боздошт аст. Додситонии кулли кишвар, ки парвандаи Усмонзодаро таҳқиқ мекунад, ҷузъиёти онро ошкор намекунад. Касе аз вакилони дифоъ ё пайвандони ин сиёсатмадори боздоштшуда ҳам доир ба ҳолати кунунии парванда тафсилот намедиҳад.
Талошҳои мо ҳам барои пайдо кардани ҷузъиёти парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода аз ниҳодҳои қудратии кишвар ва пайвандони сиёсатмадор ноком анҷомид. Ба дархостҳои мо то ҳол касе аз мақомоти масъули давлатӣ посух надодааст.
Ҳамин қадар маълум аст, ки дар доираи парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода нисбати чандин нафари дигар, аз Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии пешин, Акбаршоҳ Искандаров, сиёсатмадор ва иҷрокунандаи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон дар солҳои аввали касби истиқлол, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси ҲДТ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ парванда боз шудааст. Ба қавли додситони кул “онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳамкории зич қарор доштанд”.
Ахиран “Радиои Озодӣ” бо такя ба манобеи худ аз боздошти боз ду нафари дигар хабар дод. Ба навиштаи ин расона, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ҳарду корманди пешини мақомоти амнияти кишвар буда, моҳи июн дастгир шудаанд. Аммо мақомот боздошти онҳоро рад ё тасдиқ накардааст.
Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода аввалин ҳолати боздошти вакили парлумон давоми ҳадди ақал 20 соли ахир аст ва табиист, ки саволҳоеро ба миён овард: Саидҷаъфар Усмонзода кист, чӣ гуна ба сиёсат омад ва ангезаи боздошти ӯ чист?
“Азия-Плюс” чанд моҳ пештар кӯшиш кард бо назар ба корномаи сиёсии Усмонзода ва истифода аз назари коршиносон ба ин суолҳо посух ёбад. Ва инак он матлаб бознашр мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода ба чӣ гумонбар мешавад?
Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро дар ҳамкорӣ бо раҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) ва маслиҳати пешакӣ барои сарнагун кардани ҳокимият дар Тоҷикистон гунаҳкор кард.
Юсуф Раҳмон моҳи июн, ҳангоми баромад дар парлумони кишвар гуфт, Усмонзода соли 2021 бо Шарофиддин Гадоев, яке аз роҳбарони созмони мамнӯи “Паймони миллии Тоҷикистон” суҳбат карда, аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст.
“Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари амрикоӣ хоҳиш намудааст”, - зикр кард Додситони кул.
Вале мушаххас нагуфт, ки Усмонзода аз намояндаи кадом кишвар ин маблағро талаб кардааст.
Парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода бар асоси моддаи 306, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тафтиш мешавад. Ин банди қонун аз 15 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Ихтилоф дар ҲДТ ва барканории Усмонзода аз роҳбарии ҳизб
Усмонзода дар ҳоле боздошт шуд, ки чанде аз аъзоёни ҲДТ бо баргузории Анҷумани ғайринавбатӣ аз фаъолияти ӯ норозигӣ карда, ӯро аз роҳбарӣ барканор ва Шаҳбози Аброр, чеҳраи барои ҷомеаи сиёсии кишвар ноошноро раис интихоб карданд.
Саидҷаъфар Усмонзода ин интихобро қабул накард ва гуфт, ки гурӯҳи номаълум мехоҳанд, бо роҳбарии Шаҳбози Аброр дар байни ҳизб ихтилоф андозанд ва “рафтори онҳо ғайриоинномавӣ аст”.
Бо гузашти се ҳафта аз баргузории анҷуман, Вазорати адлия номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҳизб тасдиқ кард. Саидҷаъфар Усмонзода норозигӣ кард ва ба вазири адлия мактуб навишта, далел пешниҳод кард, ки баргузории анҷуману интихоби Шаҳбози Аброр ғайриқонунӣ аст ва аз вазир хост, қарор бекор гардад. Вале посухи мактубро дарёфт накарда, боздошт шуд.
Сабаби ихтилофи навбатӣ дар ҲДТ чист?
Дар робита ба ихтилофи навбатӣ дар ҲДТ гуфтугузорҳо гуногун аст. Шаҳбози Аброр, ҳамакнун раиси нави ҲДТ сабаби якбора чунин ранг гирифтани корро ба фаъол набудани ҳизб, баргузор накардани ҷаласаҳо дар ду соли охир рабт дод. Вале худи Саидҷаъфар Усмонзода мегуфт, онҳо фаъол буданд ва ҳамеша мавқеи ҳизбро дар масъалаҳои муҳим баён мекарданд.
Коршинсон мегӯянд, яке аз сабабҳои барканории Усмонзода ва ба ҷойи ӯ интихоб шудани раиси ҷавон муаррифии “рақиби ҷавон” дар баробари “номзади асосии курсии президентӣ” дар интихоботи президентии оянда аст. Вале инро Шаҳбози Аброр дар суҳбат бо “Азия-Плюс” рад кард ва гуфт, ҳадафи онҳо фаъол кардани ҳизб ва ширкат дар маъаркаҳои муҳими сиёӣ аст.
Худи Усмонзода мегуфт, намедонад ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд ва сабаби ихтилоф чист.
Вакили фаъол ва дастрас барои журналистон
Саидҷаъфар Усмонзода аз камтарин вакилони парлумон буд, ки перомуни масоили доғи Тоҷикистон ва минтақа изҳори назар мекард ва то ҳадде ба рӯзноманигорон дастрас буд.
Ӯ аз ҷумла, дар робита ба тахриби хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Душанбе, намоди бинои Кохи “Борбад”, қазияи боздошту ҳабси рӯзноманигорон ва дигар масъалаҳои доғи ҷомеа ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе муроҷиат кард ва хостори расидагӣ ба ин қазияҳо шуда буд.
Ҳамчунин, ӯ яке аз камтарин вакилони парлумон буд, ки аз сари қудрат омадани Толибон (дар Тоҷикистон гуруҳи террористӣ эътироф шудааст) дар Афғонистон интиқод мекард.
Нахустин вакили парлумон ва раиси ҳизб буд, ки рақамҳои телефони дастиашро дар саҳифаи фейсбукаш гузошт, то сокинон, махсусан интихобкунандагонаш тавонанд ба ӯ муроҷиат кунанд.
Ӯ кӣ буд ва чӣ гуна ба сиёсат омад?
Саидҷаъфар Усмонзода 4-уми ноябри соли 1960 дар ноҳияи Фархор зода шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаи иқтисоди ДМТ аст ва чандин сол дар мақомоти андозу гумрук, Бонки миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст. Аз сентябри соли 2002 то моҳи феврали соли 2004 сардори полиси андози шаҳри Турсунзода ва то январи соли 2005 ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон низ кор кардааст.
Ӯ номзади илми иқтисод аст ва соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос низ хатм кардааст.
Аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, ки ӯ аз соли 2005 то соли 2012 ҳамчун соҳибкор фаъолият кардааст. Маҳз дар ҳамин давра ӯ ба сиёсат омад.
Бори аввал, соли 2005 расонаҳо хабар доданд, ки Усмонзода мехоҳад Ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистонро таъсис диҳад.
Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва яке аз аъзоёни пешини ҲДТ гуфт, он замон Усмонзода аъзои ҲХДТ буд ва мехост, ки ҳизбаш қаноти ҷавонони ин ҳизб бошад. Вале Усмонзода дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки “Ҳизби ҷавонони прогрессив”-ро на ба сифати қаноти ҷавонони ҳизби ҳоким, балки чун ҳизби ҷудогона таъсис доданӣ буд.
Лоиҳаи таъсиси ҳизб амалӣ нашуд ва соли 2006, замоне, ки дар ҲДТ байни ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Масъуд Собиров ихтилоф сар зад, Усмонзода дар ҷиноҳи Собиров буд ва аз ӯ дастгирӣ кард.
Соли 2006, вақте ҷиноҳи Искандаров интихоботи президентиро бойкот кард, Вазорати адлия ҷиноҳи Собировро эътироф намуд.
Ҳамин тариқ, соли 2008 байни Масъуд Собиров ва Саидҷаъфар Усмонзода ихтилоф сар зад ва баҳс то додгоҳ расид. Соли 2012, боз ҳам дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 Саидҷаъфар Усмонзода ба ҷиноҳи Искандаров пайваст ва дар яке аз анҷуманҳои ҲДТ раис интихоб гардид. Вазорати адлия ҳам ӯро эътироф кард.
Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ҲДТ ширкат кард, вале муваффақ нашуд. Бархе аз таҳлилгарон гуфта буданд, пешниҳоди номзадии ӯ ва дигарон ба хотири “пуррақобат” нишон додани интихобот дар Тоҷикистон буд. Вале худи ӯ чунин иддаоро беасос медонад.
Дар интихоботи президентии соли 2020 номзадияшро сабти ном карда натавонист. Он замон худи Усмонзода гуфта буд, ки “мушкил сари имзо аст ва бархеҳо аз имзои худ даст кашиданд”.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи Фархор ва дар соли 2020 тибқи рӯйхати ягонаи ҳизбӣ вакили парлумон шуд.
Раҷаб Мирзо бо шинохте, ки аз Усмонзода дорад, ӯро ба сифати як сиёсатмадори дар мавқеи худ начандон устувор муаррифӣ мекунад.
“Пас аз он ки байни Усмонзода ва Собиров ихтилоф сар зад, аъзои собиқадори ҲДТ (ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров) ба хулосае омаданд, ки барои барҳам задани ихтилофот роҳбарии ҳизбро то як муддат ба зиммаи яке аз собиқадорони ҲДТ Мамлакат Ҷайчиева гузорем. Усмонзода розӣ шуд. Аммо баъд мавқеи худро дигар кард. Ҳамин тавр, пас аз анҷумани якҷоя ва раис интихоб шудан, ҳам мавқеи устувор нишон намедод. Ё бархе масоили ҷиддиро бо мо машварат намекард. Ниҳоят ин ҳама Усмонзодаро ба назари мо чунин муаррифӣ кард, ки тасмимҳоро худаш намегирад, бо касе маслиҳат мекунад”,-гуфт Раҷаб Мирзо.
Сабаби боздошт чӣ аст?
Дар атрофи боздошти Саидҷаъфар Усмонзода гуфтугузор зиёд аст. Расонаҳо аз қавли роҳбарони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот Усмонзодаро барои ҳамкорӣ ва ваъдаи молӣ гирифтан аз ҷониби онҳо гумонбар медонанд, навиштанд, ки боздошти Усмонзода ба онҳо рабт надорад ва онҳо ҳеҷ гоҳ бо ӯ дар бораи “бо зӯр гирифтани қудрат дар Тоҷикистон” суҳбат накардаанд.
Онҳо қазияро “ба сафари як генерали рус ба Душанбе дар баҳори имсол ва мулоқоташ бо Саидҷаъфар Усмонзода рабт доданд, ки гӯё он “мулоқот дар пасманзари ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав сурат гирифтааст”.
Бисёриҳо ба “зӯран гирифтани қудрат” аз сӯи Усмонзода шубҳа доранд ва таъкид менамоянд, ки ӯ ҳамеша аз сиёсати ҳукумат ҷонибдорӣ мекард, фаъолияти раиси ҷумҳур ва шаҳрдори Душанберо тавсиф мекард ва боздошти ӯ эҳтимол ангезаи дигар дорад.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ (замоне, ки ин матлаб омода мешуд, Шокирҷон Ҳакимов дар озодӣ буд), мегӯяд, Усмонзода камтар аз арзишҳои демократӣ ва бештар аз манфиатҳои ҳизби ҳоким ва шахсияти президент ҳимоят мекард ва қазияи ӯ “суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст”.
Дар ҳамин ҳол, як нафаре, ки чандин сол дар ҲДТ ҳамроҳи Саидҷаъфар Усмонзода кор кардааст, бар ин назар аст, ки боздошти ӯ ба ихтилоф байни мақомоти қудратӣ ва элитаи сиёсии кишвар рабт дорад ва ӯ дар ин байн як васила аст.
Ишораи ихтилоф байни мақомоти қудратӣ ба он аст, ки расонаҳо аз номи мухолифини ҳукумати кишвар навиштанд, “мехоҳанд ба воситаи Усмонзода ба Ятимов (Раиси КДАМ.-идора) зарба зананд. Онҳо хешутаборӣ доранд”.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ин парванда ба чӣ меанҷомад. Вале ҳамин аниқ аст, ки дар таърихи ҳадди ақал 20 соли охир ин бори аввал аст, ки як вакили парлумон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт мешавад. Ин ҳам аввал боздошт ва баъд иҷозаи лағви масунияти вакилии ӯ бидуни ширкаташ гирифта мешавад.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста