ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ДЕКАБР

Соли 1979 – Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии "Норак" ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард.

Соли 1991 – Охирин маротиба ордени “Ситораи Сурх” супорида шуд.

Соли 1992 – Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2001 – Ҳукумати Тоҷикистон қарори таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр - “Тоҷиказот”-ро қабул кард.

Соли 2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи “Табибони бидуни марз” дар Тоҷикистон баста шуд.

Соли 2010 – Хадамоти махсуси Афғонистон ҳафт гурезаро, ки 23 августи соли 2010 аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон фирор карда буданд, дар шимоли ин кишвар боздошт кард.

Умаралӣ Қувватов
акс аз Википедия

Соли 2014 – Дар Истамбул Умаралӣ Қувват, раҳбари ҳаракати сиёсии мухолифи Тоҷикистон – "Гурӯҳи 24" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) аз ҷониби мақомоти Туркия барои нақзи будубош дар ин кишвар боздошт шуд. Дертар, 3 феврали соли 2015 озод гардид. Як моҳ пас 5-уми марти ҳамон сол дар Туркия дар пеши чашми зану фарзандонаш парронда шуд. 

Соли 2016 – Калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон – Boeing 767300  ба парвоз шуруъ намуд.

Соли 2022 – Дар Тошканд дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1918 – Зодрӯзи Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи театру синамо

Мушаррафа Қосимова соли 1917 дар Самарқанд дар хонаводаи Орифҷон Расулӣ, яке аз равшанфикрони тоҷик ба дунё омада, соли 1924 ҳамроҳи оилааш ба Душанбе кӯчид. Падараш соли 1937 ҳамчун “душмани халқ” ба қатл расонида шуд. Мушаррафа бо кумаки Ғанӣ Абдулло, яке аз хешонаш ба Тетари драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад ба баъдтар бо Абдулҳак Усмонов, драманависи тоҷик издивоҷ кард. Аммо шавҳараш низ соли 1942 дар майдони Ҷанги бузург ватанӣ ҷон бохт. Баъдан Мушаррафа Қосимова соли 1946 дубора бо Муҳаммадҷон Қосимов, ситораи машҳури театри тоҷик издивоҷ кард.

Ӯ беш аз 50 сол джар Театри драмавии Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан ба театр-студияи “Гаҳвора” фаъолияти худро идома дод.

Мушаррафа Қосимова

Мушаррафа Қосимова бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст, аз ҷумла Латофат дар “Тӯй”, Баҳор ДАР “Ҳаёт ва ишқ”, Занаки гӯл дар “Гавҳари шабчароғ”, Марианна дар “Қиссаи модар”, модар дар “Бе ватан”, Чӯтуройим дар “Фармони кадушоҳ”, Бӯстонбибӣ дар “Ҷон модаракон”, Модаркалон дар “Хатро ман навишта будам, Ойша-апа дар “Қуллаи Фудзияма”,  Фирӯза дар “Дохунда”, Булбул дар “Хонашерони майдонғариб”, Фармонбибӣ  дар “Исёни арӯсон”.

Ӯ дар чандин филмҳо, аз ҷумла “Дохунда”, “Дӯсти ман Наврӯзов”, “Нисо”, “Вохӯри дар дара”, “Дарду алами Авғонистон”, “Бачагии Насриддин” нақш офаридааст.

Мушаррафа Қосимова шаби 1-уми апрели соли 2019 дар синни 101-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1927 – Мавлуди Шавкат Ниёзӣ, адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия

Шавкат Ниёзӣ мунаққид ва адабиётшиноси шӯравии тоҷик буда, соли 1927 дар Самарқанд зода шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва муддате устоди ҳамин донишгоҳ буд. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будаастӣ. Ба таҳқиқ ва омӯзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шӯравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик машғул ва яке аз муаллифони “Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ” мебошад.

Шавкат Ниёзӣ

“Шаби видоъ”-и Такур, “Гулчанбари муҳаббат”, “Духтари сеюм”-и Ф. Ниёзиро барои театр ва радиову телевизион саҳнавӣ кардааст.

Ӯ 21-уми январи соли 2022 дар Маскав аз олам даргузашт.

Соли 1941 – Зодрӯзи Аъзам Солеҳов, оҳангсоз

Соли 1954 – Мавлуди Мансур Суруш, нависанда ва журналисти тоҷик

Соли 1955 – Зодрӯзи Ҳайдар Одинаев, доктори улуми техникӣ

Соли 1956 – Мавлуди Саёҳат Неъматова, арбоби шоистаи Тоҷикистон

Соли 1987 – Зодрӯзи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, ки имрӯз шаҳрдори Дшуанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, 19 декабри соли 1987 дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон по ба олами ҳастӣ ниҳод.

Соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард.

Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Баъдан ҳамчун сардори Хадамоти гумрук кор кард.

Аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии кӯмак ба камбизоатонро, ки соли 1995 аз ҷониби СММ таъсис дода шудааст, ҷашн мегирад.

Камбизоатӣ то ҳол яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро камбизоатӣ ин на танҳо маънои набудани пул, балки набудани кори шоиста, манзили муносиб, дастрасӣ ба таҳсилоти хуб ва тандурустиро низ дорад.


Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, дар баробари барномаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, ба камбизоатон ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии динӣ ва хайриявӣ, инчунин ҳомиёни хусусӣ кӯмак мерасонанд.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 19 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0+5º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо  то 1-3º сард

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард (дар м.Булункӯл то 31-33º сард), рӯзона 7-12º сард      

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º гарм, рӯзона 4+6º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона -1+1º

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.