Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шудааст. Дар анҷумани навбатии ҲХД, ки имрӯз, 18-уми декабр, гузашт ҳамаи муоинони раиси ҲХД нав шуданд.
Абдураҳмон Хонзода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо “раъйи ҳамаи вакилони ҷамъомада Эмомалӣ Раҳмон, дигарбора раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд”.
Аммо муовинони Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ ҳамагӣ нав шудаанд.
Аз ҷумла, Маликшо Неъматзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафири Тоҷикистон дар Олмон ва раиси шаҳри Норак ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якум интихоб гардидааст.
Мирзоқосим Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи Хайриниссо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд.
Абдураҳмон Хонов гуфт, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон 8 масъала баррасӣ гардидааст.
“Аз ҷумла дар анҷуман гузориши панҷсолаи фаъолияти ҳизб, интихоби раиси анҷуман ва аъзои нави кумитаи иҷроияи марказӣ, пешбарии 28 нафар аз рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба номзадиии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ гардид. Инчунин оинномаи ҳизб дар тағйири нав қабул шуд ва ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда тасдиқи худро ёфтанд”, - гуфт Абдураҳмон Хонов.
Номбурда афзуд, ки баъди итмоми анҷуман дар ҳамон замон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор шудааст, ки ду масъала баррасӣ гардидааст.
“Якум масъала ин аз ҳайяти Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб интихоб кардани 27 нафар ба раёсати ин кумита ва дуввум интихоби муовинони раиси ҲХДТ буданд”, - гуфт Абдураҳмон Хонов.
Бояд гуфт, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои сераъзои Тоҷикистон аст ва дар парлумони кишвар ҳам фраксияи худро дорад. Аъзои ин ҳизби ҳоким аксаран дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва амалан нерӯи муассиртарин сиёсӣ дониста мешаванд.
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чигуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста