Пулиси Хатлон ду сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо гумони латукӯби ҳамсару духтари бародарашон боздошт кардааст.
Раёсати ВКД дар Хатлон бо нашри ин хабар аз боздоштшудаҳо Мадаминов Нуралии 41-сола ва Зокиров Дилшоди 44-сола ном бурд. Ҳодиса кай рух додааст маълум нест.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ду бародар ба хонаи бародари сеюмашон - Мадаминов Аҳтамҷон ворид гашта, ҳамсар ва духтари ӯро латукӯб ва бо корд таҳдиди куштан кардаанд.
“Дастгиршудаи дигар, Зокиров Дилшод як адад зарфи ғунҷоишаш 1 литраи пур аз оби ҷӯшидаро гирифта, қасдан ба қисмати рӯйи ҷиянаш, яъне духтари бародараш Мадаминова Раъногул пош медиҳад”, - омадааст дар хабарнома.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа духтари 20-солаи бародарашон бо ҷароҳатҳои сӯхтаи мавзеҳои рӯй, гардан, қафаси сина ва дигар узвҳо дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудааст.
Мақомот шарҳи бештар надодаанд. Маълум нест, ки чаро бародарон даст ба чунин кор задаанд. Назари худи боздоштшудаҳо ва наздикони онҳо ҳам дар ин маврид дастрас нест.
Ҳоло мақомот бар зидди гумонбарон бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми 2 КҶ) парванда боз кардааст.
Бар асоси ин иттиҳом ба онҳо аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста