Интихоби Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳунарпешаи тоҷик ва директори “Тоҷикфилм” барои иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо оғози сабти филм баҳсбарангез гардид. Бархе иддао доранд, ки симову ҷуссаи Маҳмадсаид Шоҳиён барои иҷрои нақши Ҷомӣ муносиб нест. Дар баробари ин, номзадии чанд ҳунарманди дигар барои иҷрои нақши Ҷомӣ дар ин филм пешниҳод шуд.
“Азия-Плюс” талош кард, ки аз масъулини филм равишу меъёри интихобро барои иҷрои нақши Ҷомӣ маълум кунад.
“Ҷомӣ интихоби коргардон аст”
Толиб Ғайбуллозода, муовини директори “Тоҷикфилм” мегӯяд, Маҳмадсаид Шоҳиён дар нақши Ҷомӣ тариқи кастинг интихоб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 8 ҳунарманд дар марҳилаи охир барои нақши Ҷомӣ пешниҳод шуданд ва шӯрои бадеии “Тоҷикфилм” 3 нафарро аз ин байн беҳтар дониста, онҳоро ба коргардон пешниҳод кардааст. Ба таъкиди ӯ, бозигари нақши Ҷомӣ, яъне Маҳмадсаид Шоҳиён аз ҷониби коргардон интихоб шудааст.

“Интихоб дар ихтиёри коргардон аст ва ҷавобгариаш низ ба зиммаи ӯст. Мо ба коргардон қатъан гуфта наметавонем, ки фалонӣ нақшро иҷро мекунад. Мо танҳо ҳаққи пешниҳод дорем”, - зикр кард Ғайбуллозода.
Файзулло Файзов, коргардони тоҷикистонии ин филм нахост шарҳ диҳад, ки чаро маҳз Маҳмадсаид Шоҳиёнро барои офаридани нақши Ҷомӣ интихоб кардааст. Дар робита ба ин масъала, ӯ кӯтоҳ зикр кард, ки “ин тасмими шӯрои бадеӣ аст”.
Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки ба вокунишҳо ва баҳси интихоби офарандаи нақши Ҷомӣ “бо таҳияи филм посух хоҳад дод”.

Гузинаи дигар
Бояд гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи чандин ҳунарманди дигари тоҷик низ барои офаридани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, номи Нурулло Абдуллоев, Ортиқи Қодир, Маҳмадалӣ Маҳмадов, Қурбони Собир зикр гардид.
Толиб Ғайбуллозода баъзе далоили интихоб нагардидани ҳунармандони дигарро тавзеҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии Нурулло Абдуллоев хуб нест ва ӯ ҳоло тавони иҷрои нақш дар саҳнаро надорад.
Ба қавли Ғайбуллозода, Маҳмадалӣ Маҳмадов низ бемор будааст.
Бемории ин ду ҳунармандро чанд манбаъи дигар ҳам ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.
“Баъзе ҳунармандони дигар, аз ҷумла Ортиқ Қодир, ки пешниҳод шуданд, аз ҷиҳати синну сол мувофиқ нестанд. Зеро филм аз 52-солагии Ҷомӣ оғоз мегардад”, - гуфт Ғайбуллозода.
Инчунин, ба таъкиди ӯ, Илҳом Бердиев, ҳунарманди Ӯзбекистон, ки нақши Навоиро иҷро мекунад, қади баланд дорад ва намешавад, ки дар баробари ӯ Ҷомӣ кӯчак ба назар расад. Аз ин рӯ, дар интихоб тамоми ҷанбаъҳо, аз ҷумла синну сол ва қаду қомат ба эътибор гирифта шудааст.
Ба гуфтаи яке аз манбаъҳои наздик ба филм, барои интихоби ҳунармандон дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” се маротиба кастинг доир кардаанд: дар Душанбе, Хатлон ва Суғд.
Манбаъ мегӯяд, беш аз 500 нафар дар кастинг иштирок карданд ва 8 нафар барои нақши Ҷомӣ пешбарӣ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, Ортиқи Қодир, Қурбони Собир, Абдулмуъмин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев, Маҳмадсаид Шоҳиён ва Мирзовалӣ Фозилов дар ин 8 нафар шомил будаанд.
“Табассуми хирадмандонаи Ҷомӣ”
Дар ҳоле ки масъулин нишон додани шаҳомати Ҷомиро дар ин нақш зарур меҳисобанд, аксарият таъкид доранд, ки Ҷомӣ марди орифу хоксор буду начандон ҷуссаи қавӣ дошт.
“Ӯро на бо костюми гаронбаҳо ва чеҳраи мансабдор, балки бо нигоҳе нарм, содагӣ ва табассуми хирадмандона мешиносанд. Мутаассифона, образи имрӯзии Маҳмадсаид Шоҳиён, ки солҳост бо симои шахси расмӣ ва чеҳраи сиёсӣ дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ба ин симо рост намеояд. Ин на танҳо фикри ман, балки фикри даҳҳо ва садҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст”, - навиштааст Зеваршо Муҳаммад, журналисти тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ.
Инчунин Хайрулло Давлатов, рассоми тоҷик навиштааст, “Ортиқи Қодир ё Маҳмадалӣ Маҳмадов дар нақши Мавлоно Ҷомӣ хеле мувофиқанд. Инро ман ҳамчун рассом мегӯям”.
Ба ин монанд даҳҳо шарҳу нигошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд ва баъзеҳо ин интихобро ҷонибдорӣ ҳам мекунанд.
Интихоби нақши Навоӣ
Дилмурод Масаидов, коргардони филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз Ӯзбекистон мегӯяд, байни ҳунармандони ин кишвар низ барои интихоби бозигар дар нақши Алишер Навоӣ кастинг доир шуда, дар он беш аз 50 нафар ҳамчун довталаб ширкат варзидаанд. Ба гуфтаи ӯ, баъди муҳокимаи шурои бадеии “Ӯзбекфилм”, номзадии 3 нафар ба шурои миллии дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудааст ва ахиран ба Илҳом Бердиев барои иҷрои нақши Навоӣ дар ин филм бартарият дода шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, шурои миллӣ Элбек Файзиев ном ҳунарманди Ӯзбекистонро барои иҷрои нақши Ҳусайн Бойқаро дар ин филм интихоб намудааст.
30 фисад дар Тоҷикистон ва 70 дарсад дар Ӯзбекистон
Файзулло Файзов, коргардони филм баъзе тафсилоти сабти филмро гуфт. Ба иттилои ӯ, филм беш аз як моҳ дар Тоҷикистон ва баъдан 2 моҳи дигар дар кишвари Ӯзбекистон сабт мешавад.
“Дар Тоҷикистон дар Боғи “Ирам”, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Хуҷанд” сабти филм идома мекунад”, - изҳор дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, филм бояд пурра ба забони тоҷикӣ бардошта мешуд, аммо бинобар ин ки ҳунармандони Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд, бо забони ӯзбекӣ нақш иҷро мекунанд ва баъдан он ба тоҷикӣ садогузорӣ шуда, филм пурра ба тоҷикӣ пешниҳоди бинандаи тоҷик мегардад.

Дилмурод Масаидов, коргардони ӯзбекистонии филм мегӯяд, сабти филм 70 дарсад дар Ӯзбекистон ва 30 дарсад дар Тоҷикистон мегузарад.
“Дар Ӯзбекистон мавзеъҳои алоҳидаи Бухоро, Тошкент барои сабт интихоб шуда, интизор меравад, ки дар Хева низ баъзе саҳнаҳо гирифта шаванд”, - тавзеҳ дод ӯ.
Ба қавли ӯ, 60 дарсади ҳунармандоне, ки дар “Ҷомӣ ва Навоӣ” нақш меофаранд, аз Ӯзбекистон ва 40 дарсад аз Тоҷикистон будаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи робитаи дӯстона ва устодиву шогирдии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба давлатҳои якдигар рӯйи даст гирифта шуд.
Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.
Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.
Дар назар аст, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон гардад.
Аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.





