То дирӯз, (12-уми ноябри соли 2025) дар пайи созиши марзӣ бо Қирғизистон, Тоҷикистон посгоҳи сарҳадӣ дар минтақаи Лаккон, 198 хона, 84 қитъаи замин, 12 иншооти иҷтимоӣ дар Исфараро ба Қирғизистон додааст. Дар иваз, Қирғизистон дар Ботканд 181 хона, 133 қитъаи замин ва 8 иншооти иҷтимоиро ба Тоҷикистон супурдааст.
Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои номбурда, то ба ҳол Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 120 километр симхор кашида, сутунҳои оҳану бетонӣ насб кардааст ва барои сокинони минтақаҳои ивазшуда 181 хона сохтааст.
Ӯ гуфтааст, ки то имрӯз Тоҷикистон дар минтақаҳои Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи-Аъло ва қитъаи Орто-Боз дар ноҳияи Исфара 198 хона, 84 қитъаи замини холӣ, 12 иншооти иҷтимоӣ ва посгоҳи сарҳадӣ дар минтақаи Лакконро ба Қирғизистон додааст.
Дар навбати худ, ҷониби Қирғизистон дар минтақаи Қарабоқ, деҳаҳои Достук, Добо, Оқ-Татир, Таш-Тумшуқ, Кок-Терек ва қитъаи Тескеи Ботканд 181 хона, 133 қитъаи замини холӣ ва 8 иншооти иҷтимоиро ба Тоҷикистон супурдааст.
“Яъне, иваз тақрибан баробар шуд, онҳо ба мо 198 хона доданд, мо 181, онҳо 84 қитъаи холӣ, мо 133, онҳо 12 иншооти иҷтимоӣ, мо 8, онҳо ду посгоҳ доданд, мо якто”, - гуфтааст Тошиев.

Номбурда гуфтааст, ки заминҳои барои кишвараш муҳиму стратегиро ба Тоҷикистон надоданд, танҳо он иншоот, ки арзиши амалӣ надоштанд, аз марказ дур буданд ё бо тартиби “шоҳмот” ҷойгир шуда, хатти сарҳадро муайян кардан номумкин буд, иваз карда шуданд, то масъала пурра ҳал шавад.
Қамчибек Тошиев гуфтааст, ки сокинони деҳаҳои Достук, Добо, Таш-Тумшуқ, Кок-Терек, Мазоит ва Теске ба деҳаи Достуки нав пурра кӯчонида шуда, барои онҳо 81 хонаи нав сохта шудааст.
“Ҳеҷ як оила бехона намонд. Хонаҳо нав ҳастанд ва дар наздашон қитъаи замин дар ҳаҷми 10 содих барои сохтмони хонаҳо барои фарзандонашон дода шуд. Барои барқарор кардани хоҷагиҳои онҳо ҳукумат 300 миллион сом (каме бештар аз 3,4 млн доллар) ҷудо кард, ки аз ин миқдор 225,5 миллион ба ноҳияи Ботканд ва 73,5 миллион ба ноҳияи Лейлек таалуқ дорад. Ин маблағ барои ҷуброни хонаҳо, заминҳои боқимонда, сохтмонҳои хоҷагӣ ва дарахтони мевадиҳанда ҷудо шуданд. Мо сокинонро бе кӯмак нагузоштем, ҳамаи онҳо хона, замин ва ҷуброн гирифтанд”, - гуфтааст Тошиев.
Номбурда таъкид кардааст, ки корҳои мушаххасгардонии марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра анҷом ёфтанд.
“...ҳоло ҳама дақиқ медонанд, ки марзи давлатӣ аз куҷо мегузарад, кадом замин ба кӣ тааллуқ дорад ва кӣ барои он масъул аст. Аз ин пас дигар бетартибӣ, низоъ ва норавшании қаблӣ нахоҳад буд. Ҳама қитъаҳо сабт шудаанд ва ба харитаҳои давлатӣ ворид гардидаанд”,- таъкид кардааст ӯ.
Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи оғози симхоркашии сарҳади худ бо Қирғизистон ва кӯчонидани сокинонаш хабар надодааст. Вале сокинони мегӯянд, сарҳад аз ҷониби Тоҷикистон низ симхор кашида шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.
Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2025
Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад
Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?
Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста