ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз мегардад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, саныиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.


– Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил идома дорад. Дар ин ҷаласа ҳайатҳои парлумони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат доранд. Дар нишаст, роҳбарону вакилони парлумони ин кишварҳо масъалаҳои “таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

– Дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2025” ҷараён дорад. Ин чорабинӣ то 15-уми ноябр дар Маркази “ЭКСПО”-и Душанбе сурат гирифта, дар он ширкатҳои Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Русия маҳсулоту хидматрасониашонро муаррифӣ мекунанд.


Дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ сокинон имкон доранд, аз соати 10:00 то 17:00 молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд. Даромад ба чорабинӣ озод аст.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.


Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони кишварҳои гуногунро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2001 – “Тоҷиксодиротбонк” (щоло муфлис шудааст) дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар сармояи Ташкилоти молиявии байналмилалиро ба даст овард.

Соли 2006 – Дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати "Alcatel" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 - Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1959 – Мавлуди Гулмаҳмад Зокиров, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёссӣ.

Гулмаҳмад Зокиров

Гулмаҳмад Зокиров баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, фаъолияти илмии худро дар ҳамон ҷо оғоз намуда, тӯли чанд даҳсола ба рушди илми сиёсатшиносӣ дар кишвар саҳм гузоштааст.

Соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Москва рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докториро дар мавзӯъҳои марбут ба муҳоҷирати аҳолӣ ва муносибатҳои миллӣ дифоъ кардааст. Зокиров муаллифи зиёда аз 400 асари илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла чандин китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методист.

Ӯ нахустин муаллифи китоби дарсии “Сиёсатшиносӣ” барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба шумор меравад, ки солҳои зиёд ҳамчун манбаи асосии таълимӣ истифода мешуд. Профессор Зокиров дар таҳқиқи масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, давлатдорӣ, муҳоҷират, ваҳдати миллӣ ва ҷомеаи демократӣ корҳои арзанда анҷом дода, аз шахсиятҳои таъсиргузори илми сиёсии муосири Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Соли 1973 – Зодрӯзи Роза Шапошник, журналист, муҳаррири бахши русии “Азия-Плюс”.

Соли 1995 – Раҳим Додихудоев, эронишинос ва помиршиноси тоҷик дар синни 67 даргузашт.

Соли 2024 – Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон даргузашт.

Тоҷиддин Мардонӣ

Тоҷиддин Мардонӣ дар шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, баъди хатми донишгоҳ ҳудуди 20 сол дар бахшҳои гуногуни Академияи илмҳои кишвар фаъолият кардааст. Дар ин миён чанд сол дар Яману Ироқ тарҷумони забони арабӣ буд.

Ӯ беш аз 10 сол, аз соли 1992 то соли 2004 ҳамчун дипломат дар вазифаҳои мухталиф дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, солҳои 1995-2001 дар Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон сафири Тоҷикистон будааст.

Баъди анҷоми корҳои дипломатӣ ӯ дигарбора ба самти илм баргашта, солҳои дароз дар Академияи миллии илмҳои кишвар кор кардааст.

Тоҷиддин Мардонӣ муаллифи чанд асар ва беш аз 200 мақола аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабет таҷлил мегардад. Ин сана соли 1991 бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Федератсияи байналмилалии диабет таъсис дода шуд. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба афзоиши босуръати шумораи гирифторони диабет ва зарурати пешгирӣ ва муолиҷаи он мебошад.


Ин рӯз бо рӯзи таваллуди Фредерик Бантинг, табиб ва физиологи канадӣ алоқаманд аст, ки 14-уми ноябри соли 1891 таваллуд шудааст. Ӯ якҷо бо ҳамкори худ Чарлз Бест соли 1922 моддаи ҳаётан муҳим – инсулинро кашф намуд. Ин кашфиёт ба наҷоти миллионҳо одам аз марги ногаҳонӣ сабаб шуд ва дар таърихи тиб ҳамчун яке аз дастовардҳои бузург сабт гардид.

14-уми ноябр инчунин Рӯзи байналмилалии логопед таҷлил мегардад. Логопед мутахассисест, ки ба ислоҳи мушкилоти нутқ, талаффуз, дарк ва иртибот кӯмак мерасонад. Гарчанде ки аксари гирифторони ин беморӣ кӯдакони синни томактабӣ ва мактабҳои ибтидоӣ мебошанд, логопедҳо бо калонсолоне низ кор мекунанд, ки бинобар осеби равонӣ, ҷароҳати мағзи сар ё бемориҳои дигар дар нутқ нуқсон пайдо мекунанд.


Фаъолияти логопед танҳо ба ислоҳи садоҳо маҳдуд намешавад. Ӯ ба одамоне кӯмак мекунад, ки аз нуқсонҳои модарзодии узвҳои нутқ, мушкилоти равонӣ ё сустшавии қобилияти гуфтор ва хондан ранҷ мекашанд.

14-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мусофирон таҷлил мешавад. Ин сана бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, то аҳамияти нақши мусофирон дар ҷомеаи муосирро ёдовар шавад.

Рӯзи байналмилалии мусофирон рамзи сафар, робита ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мебошад ва одамонро новобаста аз миллат, дин ва мавқеи иҷтимоӣ муттаҳид месозад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 9+11º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.