Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар изҳороте кӯмак хостани Тоҷикистон аз ин созмон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба кишвари моро рад кард ва гуфт, “ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои 26 ва 30-юми ноябри имсол барои кумак ба СААД муроҷиат накардааст”.
Дар пайи ду ҳамла аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр рух дод, хабаргузонии "Reuters" навишт, Тоҷикистон бо СААД дар мавриди ҷалби нерӯҳои Русия барои назорати муштараки марз бо Афғонистон музокира мекунад. ВКХ-и Тоҷикистон ин хабари "Reuters" рад кард. Пас аз изҳороти ин ниҳод, "Reuters" матлабашро пок кард.
СААД рӯзи 23-юми декабр хабарҳои дар ин хусус дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо “маълумоти носаҳеҳ” хондааст.
“Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳампаймон дар доираи СААД дар заминаи таҳкими марз бо Афғонистон бар асоси Барномаи байнидавлатии дахлдор сурат мегирад, ки дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД соли 2024 дар шаҳри Остона тасдиқ шудааст”, - омадааст дар изҳороти созмон.
Ёдовар мешавем, дар ду ҳамла аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр рух дод, 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Дар пайи ин, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон телефонӣ суҳбат карда, масъалаи таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо ва тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кард.
Ҳамин тариқ, намояндаи Чин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳукумати Толибон* хост, ки дар мавриди кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ” анҷом диҳад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста