Дар Тоҷикистон як ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи “Шохин Эйр” сабти ном шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дафтари корь ва ангар дорад ва он ҷо фаъолият мекунад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар имрӯз, 28-ум январ зимни нишасти хабарӣ иттилдоъ дод.
Ӯ гуфт, “Шоҳин Эйр” ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, вале дар бораи ба кӣ таалуқ доштани ширкат маълумот надод.
Назарзода гуфт, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ чор моҳ пеш ба қайд гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир бо мақсади харидории ҳавопаймоҳо бо ширкатҳои истеҳсолкунанда музокирот мебарад.
“Ин ширкат ҳоло дорои чархболҳо мебошад, ки дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд. Ҳамчунин, моҳи август ба ангари “Шоҳин Эйр” як ҳавопаймои L-410 ворид мешавад. Айни замон “Шоҳин Эйр” ва Оҷонсии ҳавонавардӣ бо ширкати ҳавопаймосози “Airbus” музокирот мекунанд”, - гуфт Назарзода.

Як намояндаи ширкат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки номи расмии ширкат "Шоҳин Эйрлайн" аст.
Бояд гуфт дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд, ки дар фурудгоҳ ангари ҳавопаймоии худро доранд. Ҳоло танҳо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тавассути шаш ҳавопаймои “Boeing 737 Next-Generation” аз Тоҷикистон ба 25 самти Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.
Моҳи ноябри соли гузашти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо карда буд.
Ширкати миллии “Тоҷик Эйр” бошад аз соли 2019 инҷониб бо сабаби мушкилоти молӣ дар сатҳи байналмилалӣ парвоз анҷом намедиҳад. Тобистони соли гузашта ин ширкат эълон кард, ки ду ҳавопаймои ширкати “Skyroad Leasing”-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати “ТоҷикЭйр” гузаштаанд.
Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, бо гузаштани ду ҳавопаймо ба ихтиёри Тоҷикистон ба ин ширкат “имкон медиҳад, ки ба парвозҳои байнулмилалӣ бидуни маҳдудият идома диҳад”. Аммо бо гузашти беш аз шаш моҳ ҳанӯз ин ширкат парвозҳои байналмилалии худро оғоз накардааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста