Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел дар Брюссел масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо ин ширкат баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр гардидааст, ки ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.
Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати Тетис петролиум ба роҳ мемонад.
Чунонки зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Ин кор, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.
Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.
Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин вуҷуди бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин умедвориҳои зиёд доранд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста