Сокинони ду бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки пулиси Душанбе 13-уми октябр дар бораи худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудани ин биноҳо иттилоъ дода буд, зимни муроҷиатномае ба унвони додситони кулли кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба “доди онҳо расанд ва онҳоро дар кӯча нагузоранд”.
Бори аввал дар бораи ин биноҳо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, гуфта буд, ки он “худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо” аз ҷониби Ҷамшед Азизмуҳаммадзода, як сокини 38-солаи Душанбе сохта ва ба 16 нафар фурӯхта шудааст. Ҳоло Ҷамшед Азизмуҳаммадзода дар ҳабс аст.
Сокинони ин бино даъво доранд, ки ҳангоми хариди хонаҳо тамоми расмиёти қонуниро дар мақомоти давлатӣ гузаштаанд. Ва тамоми ин муддате, ки дар бино зиндагӣ доранд, пардохтҳои ҳатмӣ ва андозро пардохт кардаанд.
Дар номаи дастаҷамъонаи сокинон, ки ба “Азия-Плюс” расид, гуфта мешавад, “4-уми ноябри соли ҷорӣ чанд нафар ба назди бинои мо омада, аввал ҳамчун кормандони ҳукумати шаҳри Душанбе ва сипас кормандони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки бинои истиқоматиамон бинобар ғайриқонунӣ ва худсарона сохта шудан бартараф карда мешудааст ва мо бояд дар муҳлати се шабонарӯз хонаҳоямонро тарк намоем”.
Дар мактуби дастаҷамъона зикр шудааст, ки баъдтар ба онҳо қарори холӣ кардани хонаҳо бо имзои Ш.Сафарзода муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур нишон дода шудааст. Дар он санад, ба қавли сокинон зикр шудааст, ки то 23-юми ноябр хонаҳоро холӣ кунанд.
Сокинони ин ду бино мегӯянд, ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карда, расидагӣ ба мушкилашонро хостаанд, аммо бенатиҷа будааст.
Аз ин лиҳоз, ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар муроҷиат карда, хоҳиш доранд ба доди онҳо расанд ва дар зимистон онҳоро дар кӯча нагузоранд.
“Мо даъвое надорем, фақат мехоҳем ҳуқуқҳоямон ҳимоя шаванд. Маблағе, ки мо барои хариду таъмири хонаҳоямон сарф кардем, ҷуброн шавад. Ва ин 80-90 аъзои оилаҳо дар фасли зистон дар кӯча намонанд”, - мегӯянд сокинони ин биноҳо.
Бояд гуфт, мақомот нисбати соҳибмулк Ҷамшед Азизмуҳаммадзода мувофиқи моддаҳои 340 (Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо), 247 (Қаллобӣ) ва 338 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, тафтишот мебарад.
Сокинон мегӯянд, онҳо дар ин парванда ҷабрдида эътироф шудаанд ва ҳуҷҷатҳои соҳибмулкии онҳо бекор ё беэътибор дониста нашудааст.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста