Ширкати ҳавопаймоии East Air бо натиҷагирӣ аз озмуни моҳи июл эълоншуда 26 нафар духтаронро ба сифати роҳбаладон (стюардессаҳо) интихоб намуд.
Бино ба маълумоти ширкати ҳавопамоии мазкур, ба озмун дар маҷмӯъ 100 ариза аз хоҳишмандон пешниҳод гардида, зимни интихоб на танҳо симои зебои зоҳирӣ, балки сатҳи рушди зеҳнии номзад, вазъи хуби ҷисмонӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти хуби рафтору муносибат бо одамон ва дигар малакаҳо ба инобат гирифта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ширкати East Air боз намудани якчанд хатсайрҳои нави ҳавоиро дар нақша дорад ва гурӯҳи нави роҳбаладон баъди аз давраи омӯзишӣ гузаштан, ба кори мустақилона дар ин хатсайрҳо шурӯъ мекунанд. Пас аз қабули гурӯҳи нав айни замон хадамоти роҳбаладони ширкат аз 48 нафар иборат аст.
Ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Феълан ширкат парвозҳо аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбурги Русияро анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои ғарби Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста