Аризаҳои даъвогии ширкатҳои мобилӣ нисбати Кумитаи андози Тоҷикистонро қаблан Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қонеъ кард.
Аз Суди олии иқтисодии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкатҳои хизматгузор ба алоқаи мобилии «ТТ-мобайл» (бренди «Мегафон») ва «Таком (бренди «Билайн») бо аризаи даъвогӣ оид ба беэътибор донистани санадҳои санҷиши муфассал (камералӣ)-ии мақомоти андоз муроҷиат кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии ширкати «Таком» оид ба санади санҷиши муфассал аз 8-уми майи соли 2014 барои давраи кори соли 2013 (қарз аз андоз дар ҳаҷми 16 млн. 488 ҳазору 459 сомонӣ)-ро қонеъ намуда, онро беэътибор донистааст. Дар қисмати ҷарима ба маблағи 4 млн. 880 ҳазору 406 сомонӣ аризаи даъвогӣ қонеъ нагардид.
«Кумитаи андоз ба ин қарори суд розӣ нашуда, бо шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат кард, амммо Суди олии иқтисодӣ бо қарори коллегияи судӣ ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир боқӣ гузошта, мутаносибан шикояти Кумитаи андозро қонеъ накард», - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин аризаи даъвогии ширкати «ТТ-мобайл» бобати қарзи умумӣ аз андоз (бо назардошти ҷарима ва фоизҳо) аз рӯи натиҷаҳои санҷиш дар соли 2013 дар ҳаҷми 74 млн. 789 ҳазор сомонӣ низ пурра қонеъ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2014 раҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки қарзҳо аз андози ширкати Babilon-mobile низ ошкор карда шудааст. Ба гуфтаи роҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, маблағи умумии ин қарз 341 млн. сомониро ташкил додааст, аммо ӯ шарҳ дода буд, ки ин маблағ баҳснок аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, пардохти онро рад кардааст.
«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 пайдо шуда, зимни санҷишҳо маълум шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя намекардааст ва ҳангоми хизматгузорӣ ба муштариён аз тарифҳое, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа нашудаанд, истифода мекардааст. Ҳамаи ширкатҳои асосии бозор тарифҳоро бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа созанд. Ширкат дидаву дониста, сатҳи даромадро аз будаш пасттар нишон медод», - гуфта буд ӯ.
Давлатов зикр кард, ки ширкат бо ин маблағи пешниҳодшуда розӣ набуда, тасмим гирифтааст, ки ба суд муроҷиат намояд ва ояндаи наздик ин масъала дар суд баррасӣ мешавад.
«Мо ба як қарор наомадем ва онҳо пардохти маблағро рад карданд. Мо ба вохӯрӣ ба онҳо дар суд омодаем. Ҳар қароре, ки суд содир мекунад, мо ба иҷрои он уҳдадорем. Шояд суд маблағи қарздориро кам кунад ё шояд онро тағйир надиҳад», - қайд кард роҳбари Кумитаи андоз.
Дар Суди олии иқтисодӣ аз пешниҳоди натиҷаҳои мурофиаҳои судӣ нисбати ширкати Babilon-mobile худдорӣ варзида, изҳор намуданд, ки ин мурофиаҳо ҳоло ба итмом нарасидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста