Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 636 ҳодисаи хатарноки табиӣ рух додааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бар асари ин ҳодиса 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар натиҷаи 50 офати табиӣ ба маблағи зиёда аз 161 млн сомонӣ зиёни иқтисоди расонида шудааст.
Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 557 ҳолдисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз 48-тои он ба маблағи ҳудуди 77 млн сомонӣ зарар расидааст. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари онҳо 51 нафарро ташкил дод.
Тайи 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ сабт шуда, дар натиҷа 411 нафар осеб диданд. Маблағи зарар дар ин давра беш аз 500 млн долларро ташкил дод.
Тавре ки қаблан зикр гардида буд, шумори ҳолатҳои фавқулода дар ин даҳсола 2,3 баробар ва ҳаҷми зарар - 1,2 баробар афзудаст.
“Бинобар сабаби мавқеи ҷуғрофӣ, ки 93%-и қаламрав аз кӯҳҳо иборат аст ва ҳамчунин бар асари тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст”, - изҳор дошта буд моҳи сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ).
Дар робита ба ин хатарҳо, дар ҷумҳурӣ лоиҳаи “Харитаи роҳ” оид ба сохтмони манзили тобовар ба офатҳои табиӣ фаъолона таҳия мешавад.
Дар лоиҳаи мазкур, ки бо дастгирии Бонки осиёии рушд таҳия мешавад, роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва пайгирӣ (мониторинг)-и манзил, бахусус дар деҳот пешбинӣ шудааст. Корҳои таҳияи лоиҳа бояд то охири сол ба охир расонида шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста