Дар Тоҷикистон барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” (Tourist Map Tajikistan), ки махсус барои сайёҳони хориҷӣ таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Замима дар бораи маконҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар, тарабхонаву меҳмонхонаҳо маълумот дода, суроғаи дақиқи онро дар харита нишон медиҳад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дар кумита гуфтанд, ки барномаи мазкур дар доираи “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030” бо маблағгузории лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати “Ребус” таҳия шудааст.
“Ҳадафи таҳияи чунин барнома нишон додани маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад, ки дар самти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ таҳия шудааст”,-гуфтанд дар ин ниҳод.
“Азия-Плюс” замимаи мазкурро аз назар гузаронида муайян кард, ки он барои сайёҳон ва аҳолии кишвар то кадом андоза муфид аст.

Замимаи мазкур аз бахшҳо маконҳои сайёҳӣ, тарабхона ва меҳмонхона иборат аст, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ бораи ҳар як макони сайёҳӣ ва таърихӣ, тарабхона ва меҳмонхона маълумоти кутоҳ медиҳад.
Шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд онро аз “Google Play” ва “App Store” боргирӣ кунанд. Дар кумита гуфтанд, ки барнома баъди боргирӣ кардан бе пайвастшавӣ ба Интернет низ кор мекунад, ки истифодабаранда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бемавҷ низ имкони истифодаи онро дорад.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1,2 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин теъдод дар ҳамин давраи соли 2023-юм каме бештар аз 1 млн нафарро ташкил медод. Вуруди аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон - 746,1 ҳазор нафар аст, ки 60 фисад аз теъдоди умумии хориҷиёни воридшударо ташкил мекунад.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста