Маблағгузорӣ ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар соли оянда 685 млн 686 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба 1,3% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли оянда баробар аст.

Маълумоти мазкур дар қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2025 зикр шудааст, ки шурӯъ аз 1-уми январ мавриди истифода қарор мегирад.

Маблағи Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2025 нисбат ба соли ҷорӣ 122,6 млн сомонӣ бештар мебошад. Маблағи Фонди мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар соли 2024-ум 563,4 миллион сомониро ташкил медод.

Аз рӯйи маълумоти расмӣ маблағи ин Фонд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар барои чорабиниҳои гуногун харҷ карда мешавад.

Масалан, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” аз ҳисоби Фонди мазкур маблағгузорӣ мешавад. Имсол барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 4 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Бояд гуфт, ки дар баробари Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон инчунин Фонди Пешвои миллат, ки 6 соли пеш баъди тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, амал мекунад.

Ҳарду фондҳо аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва барои чорабиниҳои хайриявӣ ва озмунҳои гуногун харҷ карда мешаванд.

Фонди Пешвои миллат, ба фарқ аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон, танҳо пас аз рафтани раиси ҷумҳури феълии кишвар ба дарёфти маблағҳои буҷа шурӯъ мекунад. Дар назар аст, ки ҳаҷми маблағгузории буҷаи Фонди Пешвои миллат 0,2 дарсади хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил диҳад.

Масалан, агар ин Фонд фаъолият мекард, барои пур кардани он дар соли 2024 беш аз 88,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 8 миллион доллар) лозим буд. Тартиби сарфи маблағҳои ин Фондро худи Пешвои миллат муайян мекунад, ки то он замон, тавре ки дар боло зикр гардид, бояд собиқ президенти кишвар бошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 49,6 миллиард сомонӣ (беш аз $4,5 млрд) пешбинӣ гардидааст, ки дар қиёс ба буҷаи имсола 6,6 млрд сомонӣ ё 15,4% зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.