Имрӯз Гулрухсор Сафиева, номвартарин шоири муосири тоҷик ва чеҳраи матраҳи адаб, фарҳанг ва сиёсати кишвар мавлуд дорад. Бемуҳобо ӯ аз шинохтатарин шахсиятҳои шаст соли ахири адабиёт, сиёсат ва иҷтимову фарҳанги Тоҷикистон аст.

Аз чӣ бошад, ки Гулрухсори ҳамвора дар байни ҷомеа буда ва аз мавқеи миллат ҳарф мезада, чанд соли охир худро аз расонаҳо канор мегирад ва ба хоҳишҳои мусоҳибаороии мо – рӯзноманигорони “Азия-Плюс” пайваста ҷавоби рад медиҳад.

Шояд ӯ ба ин эҳтиёҷ надошта бошад, аммо яқин хонанда ва ҳаводорони ашъораш ҳамеша муштоқи ҳарфи нави Гулрухсор ҳастанд. Ин нукта моро водор кард, то дар рӯзи мавлуди шоири шаҳир ба дард, саркашӣ, шахсият, сиёсат, тазод, танҳоӣ ва дигар соярӯшанҳои корномаи ӯ назар афканем.

Аслан, Гулрухсор умрномаи худро ба ин формула менависад: дард - шеър - шахсият - сиёсат. Яъне, Гулрухсорро дард шоир кард, шоирӣ варо шахсият сохт ва шахсияти ӯ ба сиёсат пайваст. Гулрухсор гуфтааст:

Эй муҳаррир шеъри ман дарди дил аст,

Дардро таҳрир кардан мушкил аст.

Гулрухсор намоди ғайрату ҷасорату матонати шаҳрванди шӯравӣ шуд ва ба вижа, қолаби заниро бишкасту забони миллати ранҷбар гашт. Чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол қоидаҳои зиндагии худро нигоҳ дошт.

Гулрухсор
Акс аз саҳифаи фейсбуки Гулрухсор

 

Дарди Гулрухсор

Гулрухсор солҳои 1960-уми асри мозӣ ба арсаи адаб ва майдони эҷодӣ ворид шуд ва яке аз “саркаштарин шоирон” (истилоҳи устод Муъмин Қаноат)-и давраи сензураи шадиди шӯравӣ шинохта гардид.

Ба қавли худаш, ӯ зодаи дард аст: аз дарди инфиродӣ то дарди миллӣ. Дард ё инсонро мекушад ва ё қувваи тоза мебахшад. Гулрухсор аз дуюминаш буда ва дард варо шоир кардааст.

Худи шоир мегӯяд, касе Гулрухсорро шинохтан мехоҳад, шеъри маро хонад. Шеъре, ки дар рагу пайвандаш рӯҳияи хуршиносӣ дорад. Шеъре, ки ормонҳои миллиро таҷассум мекунад. Шеъре, ки ногуфтаҳои миллат аст ва аз забону килки Гулрухсор гуфта шудааст.

Атри ҷӯи Мӯлиёну накҳаташ,

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем.

Гулрухсор
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Саркашии Гулрухсор

Гулрухсор ба шеъри замонаш тобишҳои иҷтимоиву худшиносӣ бахшид ва яке аз чеҳраҳои матраҳи озодихоҳ ва ҳувиятталаби замони рукуд (солҳи 1960-1980) ва давраи эҳё (солҳи 1980-1990)-и халқи тоҷик шинохта шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Лоиқ, Бозор ва Гулрухсор - се шоире, ки ашъорашон инъикосгари набзи замон аст, дастпарварони мактаби устод Муъмин Қаноат ҳастанд.

Муъмин Қаноат дар як мусоҳибааш бо ифтихор мегӯяд, “ман шогирдони саркаш, вале худшиносу худогоҳ тарбият кардам”.

Бешак, Гулрухсор ва ҳамовардонаш дар чаҳорчӯбаи давр нагунҷиданд, натанҳо бо шеъри сафед ба адабиёти навини тоҷик ранг бахшиданд, балки тавонистанд дар қолаби нав аз ормони ҳазорсолаи худ гӯянд.

Барои Гулрухсор гуфтани он чизе, ки нест - шеър эътироф мешуд. Ӯ дар мавзӯе шеър мегуфт, ки дигарон ҷасорат намекарданд ва бо мақсади ба худшиносӣ овардани тоҷикон қолабшиканиҳо мекард.

Аммо Гулрухсор бошад, бомулоҳиза мегӯяд, ки саркаш набудам, танҳо андешаҳое, ки дар афкори ҷомеа пухта расида буд, вале гуфта наметавонистанд, ман мегуфтам.

Дар нигоҳи нусхагири беҳунар,

Гар Гули рухсори хору иллатам.

Бо сари сабзу забони сурхи худ,

Духтари исёнпарасти миллатам.

Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Шахсияти Гулрухсор

Бо ин вуҷуд, Гулрухсор намоди муборизаву ҳақталошӣ барои ҳазорон ҳамзамонони худ шуд ва яке аз шахсиятҳои мунтақид, чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол, боқӣ монд.

Шоири ҷавон нозпарвари устодони забардаст ва мавқеъдоштаи тоҷик Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода буд. Дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳам маҳофили шеър ва шабҳои эҷодӣ баргузор мекард ва ҳаводорони зиёд дошту дорад.

Шахсият ва ҳар ҳарфи аз забони Гулрухсор мебаромада, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳама кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он шунида мешуд. Гулрухсор баъдтар чеҳраи ҳукумати вақти шӯравӣ шуд ва бо Маскав робитаи мустақим пайдо кард.

Ғайр аз ин, яке аз шоирони маҳбуби ҳавзаи адабии форс шуд ва дар Эрон маъруфияти хосе пайдо карда, мавриди эҳтироми вижа қарор гирифт.

Гулрухсор бо Мирзо Турсуснзода
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

Гулрухсор дар замони рукуд яке аз бедортарин шоирони тоҷик дониста мешуд ва дар даврони ошкорбаёнӣ аллакай вораста буд. Мавсуф ҳамвора аз мавқеи миллат ҳарф мезад, шеър эҷод мекард, достону романҳо менавишт.

Давраи шукуфоии Гулрухсор ин даҳаи эҳё (1980-1990) дониста мешавад. Ӯ дар ин солҳо барои худшиносии халқ ва ба ормонҳои ҳазорсола дастёб шудани он талошҳои фарҳангии зиёд кард. Ҳатто дар соли 1989 Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистонро таъсис дод ва дар он маҳофили илмиву адабии зиёд доир кард, маҷалла рӯи кор овард, мақолаҳои илмиву публистистӣ ба нашр расонд.

Ба гуфтаи худаш, ӯ ва ҳамовардонаш забони миллат шуда буданд, на дар бораи худ, балки дар бораи миллат ва дирӯзу имрӯзу фардои он фикр мекарданд.

Суханро сиккаи арзон накардам,

Шарафро барраи қурбон накардам.

Зи сангу хоку оби зиндагонӣ,

Худамро сохтам, вайрон накардам.

Гулрухсор ва Фарзона
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Сиёсати Гулрухсор

Гулрухсор мегӯяд, шахсиятро миллат ба сиёсат меорад ва сиёсатмадор месозад: “шоирони хуб бисёр буданд, вале онҳо шахсият шуда натавонистанд, агар шоир ҳастӣ, вале шахсият нестӣ, дар сиёсат ҳам роҳ намеёбӣ”.

Мавсуф ҳеҷ гоҳ ба ин ё он курсии раисиву вазирӣ нанишаст ва дар талоши мансаб гирифтан ҳам нашуд, вале ҳамвора ба равандҳои сиёсии ҷомеа фикрашро баён дошт.

Гулрухсор бо чеҳраҳои калидии вақт, аз он ҷумла бо охирин сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв ва аввалин раисҷумҳури Русия Борис Елтсин дӯстии танготанге пайдо кард.

Ҳарфҳое ҳам ҳаст, ки Горбачёв дар чеҳраи Гулрухсор сарвари ояндаи ҶШС Тоҷикистонро медид. Ҳатто ин пешниҳод ба ӯ дода мешавад, вале ӯ бо сабабҳои ба мо номаълум рад мекунад.

Илова бар ин, ба қавли огоҳон, Горбачёв Гулрухсорро барои таҷрибаомӯзӣ ба Шветсария, ба назди ягона сафири зани Иттиҳоди Шӯравӣ - Зоя Новожилова фиристодааст. Пешбиниҳое ҳам буда, ки Гулрухсор сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон ё Покистон таъйин мешавад. Аммо нашуд...

Гулрухсор пешниҳоди Горбачёвро таъйид мекунад, вале дар мавриди сафирӣ ҳарф намезанад. Ҳамин Гулрухсоре, ки барояш вазифа пешниҳод мешуд, ба ҷуз ду соли вакилӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС, дигар ҳеҷ мансабе нагирифтааст.

Ман ҳаҷраму ман васлам, ман нусха наям, аслам,

Фарҳанги шарар дорад, хуну рагу пайвандам.

Гулрухсор ва Муъмин Қаноат
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Гулрухсори даҳаи 90-ум

Гулрухсор пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ҳиҷрат кард. Ҳарфҳое ҳам ҳаст, ки барои аз Душанбе берун баромадани шоир, шахсан Елстин чархбол мефиристад ва маҳз бо ин роҳ ӯ ба Маскав меравад.

Илова бар ин, Гулрухсор бо охирин сарвари ҶШС Қирғизистон ва нахустин раисҷумҳури ин кишвар Аскар Акаев ҳам дӯстии қарин дошта ва дар маҷолиси ӯ садрнишин будааст. Ҳатто Гулрухсор замони ҷанги шаҳрвандӣ муддате дар хонаи Акаев дар Бишкек зиндагӣ кардааст.

Аммо пеш аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ, дар аввоили соли 1996, ба Ватан баргашт. Қабл аз ҳиҷрат ҳам аз чандин сӯйиқасд ба ҷонаш нақл кард.

Ба гуфтаи худаш, ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии варо ба ду қисм тақсим кард ва ӯро ҳамчун шоир метавон ба Гулрухсори то феврали соли 1990 ва Гулрухсори баъд аз он ҷудо кард.

Мавзӯи ҷанг ҳам дар назм ва ҳам дар насри Гулрухсор зиёд тасвир шудааст. Аз ҷумла, дар китобҳои “Зан ва ҷанг”, “Озарахш” ва “Мурофиаи баҳор”. Гулрухсор дар ин маврид мегӯяд, “таърихи воқеӣ вақт мехоҳад, вале ман ҳамчун шоир, ҳамчун шоҳид он чиро дидам, гуфтам ва ҳанӯз тамом накардаам”.

Ба дида ашки шашқатор фирор кардаем,

Ба хор дода гулшани диёр, фирор кардаем.

Гулрухсор бо овозхон Далер Назаров
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Тазодҳои Гулрухсор

Гирди номи Гулрухсор ду ҳарфе солҳо ба ин сӯ давр мезанад: яке зиддияташ ба бунёди НБО “Роғун” ва дигаре - “модари миллат” буданаш.

Дар авохири солҳои 1980-ум Гулрухсор дар Анҷумани якуми Шӯрои олии ИҶШС дар мавриди бунёди НБО “Роғун” норозигӣ баён карда, ба гуфтаи таърихнигор Нуралӣ Давлат, аризаи 20 ҳазор сокини Тоҷикистон ба унвони М.Горбачёвро (ҳамроҳи вакил Давлат Худоназаров) ба сарвари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ мерасонад.

Солҳои баъд ҳарфҳое атрофи номаш пайдо шуданд, ки гӯё “Гулрухсор нагузошт НБО “Роғун” бунёд гардад”. Аммо ӯ дар чандин мусоҳибаҳояш ин соярӯшанро шарҳ медиҳад.

Гулрухсор мегӯяд, “вақте мардумро аз Чорсада ба Эсанбой кӯчонданд, дар ҳавои кушод бехонаву бедарашон партофтанд. Онҳо назди ман омаданд. Ман аз ҳокими ҳамон вақт пурсидам, ки агар бимирӣ туро дар куҷо гӯр мекунанд? Аз ҳамон ҷо сар шуд...”.

Мавсуф таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи сохтмони “Роғун” набуд, баръакс, бештар аз ҳар касе бунёди онро мехост: “Ман танҳо аз баландии сарбанд хавотирӣ доштам” ва савол ҳам мегузорад, ки “чӣ хел Гулрухсор, як шоир, як НБО-ро намонад, ки бисозанд?”.

Дигар ҳарфе, ки атрофи номи ин шоири шинохта мечархад, дар соҳои 1990-ум “модари миллат” унвон гирифтанаш аст. Аммо баъдан худи Гулрухсор гуфт, ки ба ягона фарзандаш модар аст ва инчунин навишт:

Рақси ман ҷонкандани танҳост байни анҷуман,

Модари миллат наям ман, модари танҳоиям!

Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Қонунҳои зиндагии Гулрухсор

Дар ҳама ҳол Гулрухсор қонунҳои зиндагии худро дошта, ки чандеро ҳамвора таъкид мекунад:

“Ман то ҳадди имкон мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам!”.

“Ман ҳеҷ касро иҷоза намедиҳам, ки маро дар рӯ ба рӯям таҳқир кунад!”.

“Ман зани далерам. Беҳтарин мард ҳам ман ҳастам!”.

“Ман, ба ҷуз Худо, ба касе ниёз надорам!”.

На бо сурат, на бо сират, на бо маънӣ,

Намехоҳам, ки монанди шумо бошам!

Ҷавониҳои Гулрухсор
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

 

Танҳоии Гулрухсор

Гулрухсор ҷойе мегӯяд, “мо баъзан худамонро дар байни миллион кас мезанем, аммо якбора танҳотар мешавем”.

“Вақте бо андешаи ту, бо орзуи ту, бо фикру хаёли ту касе шарик нест, магар ту танҳо нестӣ? Одаме, ки дар пирӣ об хӯрда наметавонад, бояд бимирад. Мегӯянд, мо мехоҳем дар пирӣ ҳамгап дошта бошем. Ман дар пириам намехоҳам ҳамгап дошта бошам. Ман мехоҳам бо андешаам, бо хаёлам гап занам. Ман намехоҳам худкушӣ кунаму бигӯям нодуруст зиндагӣ кардам”, - ҳарфҳоест, ки Гулрухсор мегӯяд.
Акс аз фейсбуки Гулрухсор

Ин Гулрухсори садри сабади ним асри охири Тоҷикистон имрӯз чӣ ногуфтаҳо дорад, аз чӣ меандешад ва гоҳо чаро сукут меварзад? Ба мо маълум нест... Ҳоло Гулрухсор танҳо аз шеърҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мекорад, аз ҳастии худ дарак медиҳаду бас.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.