Имрӯз ширкаи  LG Electronics мониторҳоеро пешкаш мекунад, ки имкониятҳояшон аз мониторҳои пештара  чандин баробар афзалиятноктаранд. Технологияҳои беназири ширкат истифодабарии онҳоро ба сатҳи нави баландтарин баровардаанд!

Таърихи  истеҳсоли мониторҳо ҳанӯз дар мобайнҳои асри XIX  оғоз ёфтааст.   Илме, ки ба туфайли он мониторҳои замонавӣ пайдо шудаанд, бо ду роҳ ташаккул меёфт. Роҳи аввал бо номи  олими олмонӣ Генрих Гейслер марбут буда, аз с.1855 ибтидо меёбад. Вай насоси  вакуумиеро ихтироъ намуд, ки тавассути он  имконияти гузаронидани таҷрибаҳо бо нури катодӣ  имконпазир гардид. Ҳамагӣ баъди  33 соли ин воқеа, ботаники австриягӣ  Фридрих Райнитсер кристаллҳои моеро ихтироъ менамояд, ки алҳол дар мониторҳои замонавӣ истифода мешаванд. Ихтирои асосие, ки барои тавлиди телевизору мониторҳои замонавӣ оварда расонид, бешубҳа, кинескопи Владимир Зврыкин мебошад. Найчаи аввалини электронии шуоъосо бошад, аз тарафи   олими фаронсавӣ  Аллен Б. Дю Монте ихтироъ  шудааст. Албатта, то ба экрани замонавӣ омада расидан, таърих саргузашти зиёдеро аз сар гузаронидааст, вале аллакай солҳои 90-уми қарни гузашта,  аввалин  NEC MultiSync 4D пайдо шуданд, ки  1024*768 пиксел ва 70 Гц-ро дастгирӣ мекарданд. Имконият ва вазоифи  онҳо аз мониторҳои имрузаи LG хеле паст буданд.   

Ҳамарӯза мо 6-8 соат дар назди монитор менишинем ва бинобар ҳамин ҳам экранҳо бояд боэътимод, безарар ва босифат бошанд. Мониторҳои ширкати LG имконият фароҳам меоваранд, ки тамоми зебогии тасвир бе ягон таҳрифи ранг инъикос гардад. Ин имкониятро матритсаи IPS фароҳам меоварад ки дар муқоиса бо  матритсаи TN   ҳарорати доимии ранги тасвирро бе дигаргунӣ  нигаҳ медорад ва дар натиҷаи ин сояҳои табии рангҳо айнан акс меёбанд.

Реҷаи махсуси қироат дар модели LG MP55D  дар экран истифодаи ранги нилгунро пасттар намуда, барои  ҳимояи чашмон ва   хондани ҳуҷҷатҳо шароитҳои муносибро  фароҳам меоварад. Бо пахши як тугмача матнҳо аз рӯи экран ба муддати тӯлонӣ бароҳат қироат мешаванд.

Дар монитор технологияи нави танзими нурафшонӣ истифода мешавад, ки сатҳи ларзиши нурро, ки сабаби   мондашавии чашмон аст, паст мекунад. Дар натиҷаи қариб пурра бартараф шудани ларзиши нур, мониторро  бе ягон зарар барои чашмон метавон ба муддати тӯлонӣ истифода бурд.

Рангҳо дар монитори дорои матритсаи  IPS  зери кунҷи дилхоҳи  биниш,  бе дигаргунӣ  ва ба пуррагӣ  ба рангҳои табиӣ  мувофиқат мекунанд. Акнун шумо метавонед аз рангорангии бенуқсони тамоми экран, новобаста аз кунҷӣ биниш, фароғат бардоред.

Технологияи  сарфакунандаи барқи  LG Super Energy Saving назар ба  LED –мониторҳои  пештара,  имконият медиҳад, ки қувваи барқ  сарфакорона  истифода шавад ва дар баробари ин сифати тасвир доимо баланд бошад.

Беҳтар кардани сифати   видеотасвири аз аввал ҳаҷмашон паст, пасттар кардани садонокӣ ва  фарқияти тасвир дар ҳолати калон кардани ҳаҷми  он то ба  сарреҳии  баланд, танҳо тавассути  технологияи Super+ Resolution муяссар мегарад.


Дар бораи ширкати LG Electronics

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фурӯши сартосарӣ дар  2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59 трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд. дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.

Дар бораи LG Electronics Home Entertainment

Ширкати LG Electronics Home Entertainment  дар бозори телевизорҳои  ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои  сигментҳои  истеъмолкунандагон ва бизнес, пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгӯи  маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои дорои криссталҳои моеъ  ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ, плеерҳои  Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки  сифати  вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.