Ба аввали моҳи ноябр ҳаҷми қарзҳои батаъхирафтода (муҳлаташ гузашта) дар низоми бонкии Тоҷикистон наздики 2,2 млрд. сомонӣ (аввали моҳи ноябри соли 2016 - беш аз 2,7 млрд. сомонӣ)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор ҳаҷми қарзҳо 72,5 фоиз (ҳудуди 1,6 млрд) бо асъори хориҷӣ ва 27, 5 фоиз (606,1 млн.) бо пули миллӣ дода шудааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба санаи 1 ноябри соли равон ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ ба соҳаҳои асосии иқтисод наздики 9,1 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз ё худ 1,4 млрд. сомонӣ камтар аст.
Қаблан Бонки миллӣ дар бораи семоҳаи аввали соли равон 13 фоиз кам шудани бақияи қарзҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2016 хабар дод. Ҳаҷми қарзҳо ба охири моҳи сентябр 9,2 млрд. сомониро ташкил додааст.
Бақияи қарзҳо бо асъори миллӣ - 8,3 фоиз ва асъори хориҷӣ - 15 фоиз коҳиш ёфтаааст. Ҳаҷми амонатҳо 9,4 фоиз поин рафта, ба 8,8 млрд. сомонӣ баробар шудааст.
Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 7 ташкилоти қарзии хурд, 33 ташкилоти амонатии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд амал мекунанд.
Ду бонк - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис шуда, феълан ҷараёни барҳамдиҳии онҳо мавриди амал қарор дорад.
Боз ду бонки низомсоз - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар ҳудуди муфлисшавӣ қарор доштанд, аммо ҳукумат воситаҳои пулӣ ҷудо карда, онҳоро наҷот дод.