Ӯзбекистон корҳои барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Ғалаба - Амузангро, ки Ӯзбекистонро бо минтақаи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ба анҷом расонид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ, 1 март аз истгоҳи роҳи оҳани «Тирмиз»-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон қатораи боркаш ба самти истгоҳи «Хошади»-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба сафар мебарояд.
Зимнан зикр гардид, ки ба муносибати барқарор шудани равуои қатораҳо тариқи ин қитъаи роҳ, дар сарҳад вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳаи нақлиёти ҳарду кишвар баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.
Баъди ин Тоҷикистон баҳри пайвсат кардани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо ҷаҳони беруна ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб оғоз намуд. Дар сохтмони ин роҳ қариб 500 млн. сомонӣ маблағ сарф шуда, он моҳи августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста