Мутобиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон нисбати асъори хориҷӣ барои имрӯз, 28 декабр, 1 рубл ба 0,1358 сомонӣ баробар аст. Ба ҳолати 13 декабр 1 рубл ба 0,1419 сомонӣ иваз мешуд.
Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ дар ин давра қариб тағйир наёфта, имрӯз 1 доллар ба 9,4292 сомонӣ баробар аст.
Қобили зикр аст, ки моҳи декабри имсол тағйирёбии босуръати қурби рубл нисбати доллар ба мушоҳида нарасидааст.
Ба рӯзи ҷумъа, санаи 28 декабр Бонки Русия қурби расмии зеринро муқаррар намуд: 68.8762 рубл барои 1 доллар.
Ҳамин тариқ, мувофиқи қурби расмии Бонки марказӣ, шабонарӯзи охир қурби доллар нисбати рубл 1 тин поин рафтааст.
Илова бар ин, чанде қабл муовини сарвазир, вазири молияи Русия Антон Силуанов изҳор дошт, ки дар ноустувор мондани қурби асъори миллии русиягӣ дар соли 2019 ҳеҷ гуна асосе намебинад.
“Соли 2018 ба қурби рубл хориҷ шудани сармоягузорони хориҷӣ аз коғазҳои мо ва мутаносибан бурунрафти сармоя таъсир расонид. Умедворам, ки соли оянда чунин бурунрафт дар чунин ҳаҷмҳо сурат намегирад. Аз ин рӯ, барои дар бораи ноустувории асъори миллӣ ҳарф гуфтан ҳеҷ асосе нест”, - гуфтааст Силуанов дар барномаи шабакаи телевизионии “Россия-1”.
Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар Русия асосан бо рубли русӣ ва қисман дар ҳаҷми начандон зиёд бо доллар ба оилаҳояшон пул мефиристанд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ тқрибан 86%-и интиқоли пул ба Тоҷикистон бо рубл сурат гирифтааст.
Бо дастури Бонки миллӣ аз соли 2016 бонкҳои Тоҷикиситон ин маблағҳоро танҳо бо сомонӣ медиҳанд. Рублҳои воридшуда дар бонкҳои Тоҷикистон боқӣ монда, минбаъд дар бонкҳои Русия бо доллар иваз мешаванд.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, тайи 9 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 938 млрд. доллар маблағ интиқол додаанд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста