Аз поин бурдани арзиш ва беҳбуди дастрасӣ ба интернет Тоҷикистон дар оянда фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст оварда метавонад, чунин мешуморад намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе Прадип Сривастава.
“Аз таҳкими зерсохтори технологияҳои иттилоотӣ, арзон кардани дастрасӣ ба интернет, ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хусусӣ ба хизматрасониҳои интиқоли маълумот ва овоз, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи таълими ҷавонон Тоҷикистон ба фоидаҳои зиёди иқтисодӣ ноил шуда метавонад”, - оварда шудааст гуфтаҳои Прадип Сривастава дар сомонаи расмии БОР.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли равон Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боло бурдани арзиши интернет фармоиш содир намуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.
Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории аз 27 март операторони мобилии Тоҷикистон бояд ба интернети мобилӣ дар кишвар тарифҳои нав ҷорӣ месохтанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам. Ҳамчунин алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон мебоист 10 баробар - аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мерафт.
Аммо ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ то ҳол муштариёни худро дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нав огоҳ накардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.