Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии як қатор тадбирҳоро дар самти муқовимат бо коррупсия байни кормандони ин сохтор ба нақша гирифтааст.
Кумита ният дорад, ки кормандонашро бо хонаву қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ва кумакпулӣ таъмин намуда, ҳамчунин боз иҷозаи машғул шудан ба тиҷорат (дар сурати ҷой надоштани ихтилофи манфиатҳо)-ро диҳад.
Дар Кумитаи бар ин назаранд, ки роҳандозии чунин тадбирҳо ба пешгирии коррупсия ва аз кор рафтани кадрҳо аз хизмати давлатӣ мусоидат мекунад.
Агар масъалаи бо хонаву кумакпулӣ таъмин кардан фаҳмо бошад, пас қарори иҷозаи машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ ва хурд саволҳои зиёдеро ба миён меорад.
Дар қонуни қаблан амалкунанда “Дар бораи хизмати давлатӣ” (соли 1998) пешбинӣ гардида буд, ки дар сурати корманди сохтори давлатӣ будан, шахс ба ҷуз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ё дигар кори эҷодӣ, ба машғул шудан ба дигар фаъолияти пардохтмешуда ҳуқуқ надорад.
Дар қонуни соли 1998 ба хизматчиёни давлатӣ шахсан ё тариқи шахсони боэътимод (намоянда) машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ манъ шуда буд. Аммо дар қонуни нави ҳамноми соли 2007 қабулшуда чунин меъёр муқаррар нашуда буд. Лекин дар дигар қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ин меъёр зикр шудааст.
Агар тадбирҳои пешбинишуда роҳандозӣ шаванд, пас ин маънои онро хоҳад дошт, ки ба ин қонун тағйироту иловаҳо ворид мешаванд?
Мутобиқи моддаи 10, қисми 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробаркардашуда аз ҷумла шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста