Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, созишномаро 17-уми сентябр дар шаҳри Вена вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа имзо карданд.
“Маблағи умумии лоиҳа 53,5 млн. доллар ва аз он саҳми Бонки исломии рушд – 15 млн. доллар, Фонди Саудии рушд – 25 млн. доллар, Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК – 10 млн. доллар ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон – 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молия.
Гуфта мешавад, мақсади амалисозии лоиҳа беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасии онҳо ба таъминоти об мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур охири соли 2019 оғоз шуда, соли 2025 ба анҷом мерасад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста