Бонкҳои Тоҷикистон аз пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявии зарурӣ худдорӣ мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита хабар доданд, бештари маблағҳои ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгиркардаи аҳолӣ ва корхонаҳо кӯтоҳмуҳлат мебошанд.
“Ин имкони ташкилотҳои қарзиро барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ маҳдуд мекунад”, - гуфтанд дар Бонки миллӣ.
Зимнан таъкид гардид, ки барои зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ дар низом, ҷалби маблағҳои дарозмуҳлат ва арзон зарур мебошад.
Бино ба маълумоти БМТ, аввали соли равон ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкӣ қариб 8,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки аз он ба қарзҳои ипотекӣ ҳамагӣ наздики 210 млн. сомонӣ рост меояд.
Зикр шуд, ки барои соддатар кардани раванди татбиқи қонунгузорӣ ва афзоиши қарзҳои ипотекӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” таҳия ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст.
Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки дар тағйирот такмили заминаи ҳуқуқӣ бобати амволи ба гарав гузошташуда пешбинӣ шудааст.
Тобистони ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик ворид кардани тағйирот ба қонун дар назар буда, зимнан гузаштани амволи гарав ба ихтиёри бонк бидуни баҳси судӣ пешбинӣ шудааст.
Ба қавли ӯ, пас аз қабули тағйирот, бонки мазкур ба пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ оғоз мекунад.
“Бисёре аз қарзгирандагон ба масъалаи баргардонидани он ҷиддӣ муносибат надоранд. Аз ин рӯ, бонкҳо ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд. Маҳз баргардонида нашудани қарзҳо боиси мушкилоти молӣ дар баъзе бонкҳо шуд”, - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки аз 17 бонки ҷумҳурӣ айни замон танҳо дар 2-тоаш ва боз дар 1 ташкилоти қарзии хурд: “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитамен Бонк” ва ТҚХ “Ҳумо” барои хариди манзил (ипотека) метавон қарз гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста