Дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, аз ҷониби низоми бонкии кишвар фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шудааст.
“Дар натиҷа сатҳи начандон баланди тавварум ва устувории қурби пулли миллӣ нигоҳ дошта шуда, пасандозҳо дар низом зиёд гардидаанд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд”, - иброз дошт ӯ.
Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки дар зарфи 6 моҳ аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар маҷмӯъ 9 млрд 276 млн сомонӣ қарз пешниҳод шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,7 млрд сомонӣ ё 42 фоиз зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки то нимсолдаи аввал бақияи пасандозҳо қариб 17 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,6 млрд доллар)-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз ё 5,5 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.
Ғайр аз ин ёвари президент зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба низоми бонкии кишвар 611 млн доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти БМТ, қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ (1 доллар) баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2023 ММД-и кишвар кишвар ба 54,2 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, 2,3%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8% кам мебошад.
“Ҷиҳати татбиқи самараноку муваффақонаи сиёсати иқтисодии давлату ҳукумат нақши фаъолияти низоми бонкӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад”, - таъкид кард ёвари президент.
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста