Дар Тоҷикистон 248 субъекти хоҷагидорие, ки дар бозори ҷудогонаи молу маҳсулот мавқеи афзалиятнок (моноаполистӣ) доранд, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Рӯйхати чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар аввали соли 2022 аз ҳудуди 100 корхона иборат буд.
Дар Хадамот зикр мекунанд, ки шумори ин гуна хоҷагиҳо дар ҳама гуна вақт вобаста ба чӣ қадар саҳм доштан дар ин ё он бозор тағйир ёфта метавонад.
Мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории кишвар, ҳамон субъекти хоҷагидорӣ бартаридошта (монополист) шуморида мешавад, ки дар ин ё он бозори маҳсулот на камтар аз 35% ҳисса дошта бошад. Ҳамчунин се субъекте, ки ҳиссаи умумиашон дар бозор на камтар аз 50% ё панҷ субъкте, ки ҳиссаи умумиашон на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, бартаридошта дониста мешаванд.
Дар Рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие, ки дар бозори муайяни мол мавқеи афзалиятнок доранд, айни замон операторони алоқаи мобилӣ, корхонаҳои бузурги истесҳоли семент ва бисёре аз дигар корхонаҳо қарор доранд.
Ҳамчунин Рӯйхати иборат 30 субъекти монполияи табиии Тоҷикистон мавҷуданд, ки аксарияти онҳ аз ҷониби давлат идора мешаванд.
Яъне онҳо ё корхонаҳои давлатӣ, ё ширкатҳои саҳҳомие мебошанд, ки бастаи пурра ё назоратӣ (зиёда аз 50%-и саҳмияҳо, лекин на бастаи пурра)-и онҳо дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад.
Дар ин рӯйхат панҷ корхонаи воҳиди давлатӣ: КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, КВД “Обу корези Душанбе”, КВД “Почтаи Тоҷикистон” ва КВД “Обу корези Хуҷанд” зикр шудаанд.
Аксарияти кулли монополияҳои табиӣ ҷамъиятҳои саҳҳомии гуногун бо ҳиссаи ҳукумат, аз ҷумла ҶСК “Барқи тоҷик” ва собиқ воҳидҳои он мебошанд.
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста