Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар нимсолаи аввал сиёсати қурбиеро, ки бар реҷаи “қурби шинокунандаи танзимшаванда  бе муйян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфтааст, идома дод.

Ба иттилои БМТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба андозаи 7% (аз 10,2024 то 10,9140 сомонӣ) боло рафт.

Гуфта мешавад, дар ин давра қурбии расмии доллар нисбат ба пули милии аксарияти кишварҳои шарики асосии Тоҷикистон низ тағйир ёфт.

“Масалан, қурби тангаи Қазоқистон нисбати доллар 1,8%, лираи Туркия - 38,1%, рубли Русия - 23,7%, рубли Беларус - 10,8%, юани Чин - 5,1%, сӯми Ӯзбекистон - 2,3% ва соми Қирғизистон - 1,8% поин рафт”, - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи соли равон пули миллии Тоҷикистон ҳамчунин нисбати евро ба андозаи 9,3% ва юан - 1,1% беқурб шуда, нисбати рубл бошад, баръакс - 13,5% қимат шуд.

Қурби расмии сомонӣ нибат ба доллар имрӯз 10,9426 сомонӣ, евро - 12,0555 сомонӣ ва юан - 1,5178 сомониро ташкил медиҳад.

Дар омади гап мебояд гуфт, ки тайи ҳафтаи ахир қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас поин рафт.

Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 11 август қурби 1000 рублро 112,3 сомонӣ муқаррар кардааст. Даҳ рӯз пеш он ба 120 сомонӣ баробар буд.

Ахиран поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ то ин сатҳ 10 апрели соли 2016 сурат гирифта буд. Лекин дар солҳои минбаъда қурби рубл то ба 140-180 сомонӣ (барои 1000 рубл) расида буд.

Пас аз оғози ҷанг дар Украина тез-тез тағйирёбии қурби рубл оғоз шуд.

Поинравии қурби рубл зиндагии бе ин ҳам душвори миллионҳо нафар сокинони Тоҷикистон - оилаҳои муҳоҷиронро мушкилтар кард.

Ёдрас мекунем, ки маблағи интиқолёфта бо рубли Русия дар Тоҷикистон бо пули миллӣ - сомонӣ дода мешавад.

Шумори чунин оилаҳо дар кишвар ба садҳо ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, аз 40 фоизи хонаводаҳои Тоҷикистон на камтар аз 1 нафар узви оила ба муҳоҷирати корӣ меравад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,3 миллион хонаводаҳо зиндагӣ мекунанд.

Теъдоди дақиқи муҳоҷирон номаълум аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша хабар медиҳанд, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 млн нафар камтар аст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия бар ин назаранд, ки дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.