Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як гурӯҳи соҳибкорони Русия - аъзои Палатаи савдо ва саноати Русияро, ки барои шиносоӣ бо вазъи иқтиоди минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳо ба вилоят омада буданд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ маълумот дод.
Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд 1100 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн. сомонӣ баробар гардид.
“Танҳо дар соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят 194,2 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, 124,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд”, - изҳор дошт раиси вилоят.

Гуфта мешавад, дар ҳайати Русия Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолиии Русия Шариф Абдуллоев, Алим Долаев, Владимир Маркин, Юрий Комаровский ва Валерий Клупов ҳузур доштанд.
Таъкид шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо шарикони худ аз Русия ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
“Имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд буда, вилояти Суғд метавонад дар бунёди корхонаҳои нав, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мева ва сабзавот, коркарди пашму пӯст, саноати дорусозӣ, металлургия бо шарикони рушд ҳамкорӣ намояд”, - таъкид дошт Аҳмадзода.
Соҳибкорони Русия ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста