Cафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон рӯзи 15 январ бо роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Озарбойҷон Элдар Азизов дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба масъалаи густариши равобит миёни пойтахтҳои ду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстӣ ва варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин ҷонибҳо доир ба танзими сафарҳо бо иштироки ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Боку, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак табодули афкор карданд.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии охири байни сарони ҳарду кишвар дар моҳи ноябри соли 2023 дар Боку ду кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

Ин вохӯрӣ дар шаҳри Боку дар ҳошияи Саммити барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Вохӯрии сарони кишварҳо дар доираи СПЕКА
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ташкили кластерҳои агросаноатӣ, содироти алюминийи аввалия, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти корхонаи ТАЛКО ва пешниҳоди тахфифҳо дар ҳамлу нақли роҳи оҳан тавофуқ карданд.

Зикр гардид, ки пас аз сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо дар зарфи 10 моҳи соли 2023 ба андозаи 1,5 баробар афзуд.

Бояд гуфт, ки  бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, табодули маҳсулот миёни ду кишвар дар 10 моҳи соли 2023 ҳудуди 7 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1 дарсади ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар ин муддат 538,3 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулотҳои Озарбойҷон ба Тоҷикистон каме бештар аз 6,4 млн долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.