Масъалаи нархгузории интиқоли газ тавассути лӯлаҳо сабаби тӯл кашидани сохтмони хатти лӯлаи нави интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин (хати D) гардидааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ, ки дирӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, афзуд, масъалаи нархгузории интиқоли газ байни дигар давлатҳои шарики лоиҳа ҷой дорад ва ҳамаи масъалаҳое, ки ба ҷониби Тоҷикистон рабт дорад, ҳал шудааст.
Моҳи сентябр аз оғози сохтмони нақби лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин (хати D) 10 сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳол сохтмони он ба анҷом нарасидааст.
Моҳи январи соли 2020 Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, тақрибан 99 дарсади корҳо дар бунёди хатти лӯлаи нав дар қаламрави Тоҷикистон ба охир расидааст ва интизор аст, соли 2020 сохтмони он анҷом ёбад.
Далер Ҷумъа дар робта ба маблағгузории лоиҳа гуфт, манбаъҳои маблағгузорӣ барои сохтмон аз ҷониби Тоҷикистон мушаххас шудааст ва созишномаи дахлдор ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи вай, тибқи он, як бонки чинӣ ӯҳдадор шудааст, ки сохтмонро маблағгузорӣ кунад. Ӯ мушаххас аз бонке ном набурд.
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз Далер Ҷумъа ду маротибаи дигар ба таври такрорӣ пурсид, ки ҳаҷми маблағи ҷудошуда ва маблағи то кунан сарфшударо ироа кунад, вале ӯ гуфт, “ин паҳлӯи тиҷоратӣ дорад ва фикр мекунам, зарурат нест, ки рақамҳоро инҷо гап занем. Вале баъди он ки созишномаҳои дахлдор вобаста ба сохтмони иншоот ва баъд аз мушаххас намудани паҳлӯҳои тиҷоратӣ метавонем, ки ахбори дурусттарро пешниҳод кунем”.

Номбурда афзуд, дар робита сохтмони ин лоиҳа ба Чин мактуби расмӣ ирсол карда, омодагии худро гуфтанд ва бояд ин раванд ҳарчи зудтар амалӣ шавад.
“Ин табиӣ аст, вақте ки як чанд давлат дар лоиҳа шомил мешаванд, мушкилиҳо ҳастанд. Ҳамаи масъалаҳои техникӣ дар умум ҳалли худро ёфтаанд. Ташвиши мо ба ин аст, ки хатти ин лоиҳа тариқи обанбори “Роғун” мегузарад ва мо бояд муҳлатҳои татбиқи ҳарду лоиҳаро мувофиқа кунем. Мутамаинам, ки ин масъаларо ҳамин сол ба танзим медарорем”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Бояд гуфт, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин таъминкунандаи газ ба Чин кишвари Туркманистон аст. То ҳол аз Туркманистон интиқоли газ тавассути Ӯзбекистон ва Қазоқистон сурат мегирад. Лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин (хати D), чорумин хати интиқоли газ ба Чин аст, ки бояд тавассути хоки Тоҷикистон гузарад.
Ёдовар мешавем, ки хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистону Ӯзбекистон (205 км), Тоҷикистон (391 км), Қирғизистон (215 км) ва Чин (155 км) мегузарад.
Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста