Сарвазири Русия Михаил Мишустин манъи содироти бензинро ба муддати ним сол - аз 1 марти соли 2024 маъқул донист. Дар ин бора ба РБК манбаъи огаҳ аз қарори дахлдор дар ин бора хабар дода, як манбаи дигари наздик ба ҳукумат онро тасдиқ кардааст.
Манъи муваққатӣ ба содирот ба ҳаҷмҳои мувофиқашуда ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Муғулистон, Ӯзбекистон, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дахл намекунад.
Бо пешниҳоди ҷорӣ кардани манъи муваққатии содироти бензин муовини сарвазир Александр Новак ба Мишустин муроҷиат кардааст. Ӯ дар номаи худ аз 21 феврал зикр кардааст, ки ба зудӣ дар бозори дохилӣ мавсими афзоиши талабот ба сӯзишворӣ оғоз мешавад, ки ин ба давраи корҳои баҳории саҳроӣ, таъмири нақшавӣ дар корхонаҳои коркарди нафт ва ҳамчунин рухсатиҳои тобистона марбут аст.
"Баҳри танзими талабот ба маҳсулоти нафтӣ, бояд чораҳо андешида шаванд, то ки ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ мусоидат кунанд", - навиштааст Новак ва инро бо маълумоти мониторинги нархҳо дар бозори сӯзишворӣ асоснок кардаааст.
Ба ақидаи Новак, дар чунин вазъият баланд бардоштани меъёрҳои савдои маҳсулоти нафтӣ дар биржа ва ҷорӣ кардани манъи содироти сӯзишворӣ чораҳои муассири вокуниш ба хоҳанд буд.
“Ҳамзамон ҳиссаи бензине, ки дар биржа фурӯхта мешавад, ҳоло дар сатҳи хеле баланд қарор дорад ва «афзоиши минбаъдаи меъёр ба ворид шудани ҳаҷми фурӯш аз бозори хурди яклухт ба савдои биржа боис мегардад, ки ба афзоиши пешниҳод дар бозор имкон намедиҳад ва ба ҳаҷми содирот таъсир намерасонад”, - иброз доштааст Новак.
Ҳукумати соли гузашта низ содироти бензинро манъ карда буд. Моҳи сентябр бар асари босуръат болоравии нархҳои яклухт, содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ муваққатан манъ шуд. Дар Вазорати энергетика он замон хабар дода буданд, ки дар зарфи ду моҳ дар бозори дохилӣ маводи сӯзишворӣ аз талабот барзиёд шуда, арзиши биржавии яклухти бензин ба таври назаррас поин рафт.
Ёдрас мекунем, ки маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ба Тоҷикистон асосан аз Русия ворид карда мешавад. Аз соли 2013 маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ бар асоси имтиёз (бидуни боҷи содиротии гумрукӣ) оварда мешавад. Вазоратҳои энергетикаи ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод (тавозуни индикативӣ) ба имзо мерасонанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста