Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки саривақт ва босифат баргузор намудани таҳқиқоти геологӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назди ин соҳа ба сатҳи омодагии техникӣ вобаста аст.
“Қисми зиёди техника ва таҷҳизоти воҳидҳои сохтории Саридораи геология ҳарчанд қисман коршоям бошанд ҳам, лекин кӯҳна ва фарсуда шудаанд”, - гуфта мешавад дар ҳисоботи ин ниҳод аз рӯи натиҷаҳои солҳои 2018-2023.
Дар ҳисоботе, ки 1 март аз ҷониби ҳукумат қабул шудааст, навсозии мунтазами тиаҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминковӣ пешниҳод мешавад.
Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки натиҷаи ниҳоии корҳои геологиву иктишофӣ ба намунагирии дуруст ва таҳқиқи дақиқи намунаҳо вобаста аст.
Зикр мегардад, ки дар сохтори соҳа се лаборатория фаъолият менамояд, ки ба муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои озмоишии ҳозиразамон ниёз дорад.
Илова бар ин, раҳбарияти Саридораи геология бозбинии тайёр намудани мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод мекунад.
“Барномаҳои таълимии амалкунандаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯзаи истеҳсолоти соҳаи геологияи ҷумҳурӣ мутобиқ карда шуда, алоқаи онҳо бо истеҳсолот густариш дода шавад”, - зикр мешавад дар ҳисобот.
Ёдрас мекунем, ки геология асоси саноати кӯҳӣ мебошад, ки дар баробари гидроэнергетика ва сайёҳии кӯҳӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат дониста мешавад.
Ҷумҳурӣ "анбори беназири бойтарини маъданҳои фоиданок" ҳисобида мешавад.
Дар кишвар зиёда аз 400 кон кашф карда шудааст, ки тақрибан 40 навъи ашёи хоми минералӣ, сӯзишворӣ, маъдан ва канданиҳои фоиданоки ғайримаъданироро дар бар мегиранд.
Аз рӯи захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг ва обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои пешрафтаро ишғол мекунад.