Аз лиҳози кишоварзии органикӣ Тоҷикистон дар сафи пеш байни кишварҳои ИДМ қарор гирифт.
Байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин аз лиҳози экологӣ эътироф шуд.
Тибқи маълумоти Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), дар Тоҷикистон кишоварзии органикӣ дар 1,4% заминҳои кишт истифода шуда, дар дигар давлатҳои минтақа ба ҷуз Молдова, ин нишондиҳанда камтар аз 1%-ро ташкил медиҳад.
Молдова 1,3% аз заминҳои киштро барои кишоварзии органикӣ, Озарбойҷон - 0,8%, Украина - 0,6%, Қирғизистон 0,3%, Гурҷистон - 0,2%, Русия ва Беларус - 0,1%-ӣ, Қазоқистон - 0,05%, Арманистон - 0,04% ва Ӯзбекистон - 0,01%-ро истифода мебаранд.
Кишоварзии органикӣ дар 188 кишвар мавриди истифода қарор дошта, зиёда ааз 96 млн гектар заминҳои кишвар бо усули органикӣ аз ҷониби ҳадди ақалл 4,5 млн фермерон мавриди истифода қарор доранд.
Дар кишоварзии органикӣ ҳангоми парвариши маҳсулот рад шудани маводи кимиёвӣ ва ба ивази он истифода бурдани маводи табиӣ пешбинӣ шудааст.
Дар нашри 25-уми “Олами кишоварзии органикӣ”, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи кишоварзии органикии FiBL ва IFOAM – Organics International ба чоп расидааст, доир ба кишоварзии органикӣ дар ҷаҳон гузориши муфассал дода мешавад.
Кишоварзии оганикӣ дар Тоҷикистон соли 2008 дар парвариши пахтаи органикӣ дар минатқаи шимоли кишвар дар доираи лоиҳаи Созмони ҳамкории “Хельветас”-и Швейтсария оғоз ёфт.
Ҳиссаи заминҳои кишоварзии органикӣ аз 0,07%; дар соли 2008 то ба 1,4% дар соли 2023 зиёд шуда, дар ин заминҳо асосан пахта, юнучқа, зардолу, чормағз, ҷуворимакка ва помидор парвариш карда мешавад.
Ҳангоми парвариши ин зироатҳо бо усули органикӣ нисбат ба кишоварзии анъанавии маъмулӣ ба ҳисоби миёна 30% камтар энергия сарф шуда, об бештар дар хок боқӣ мемонад, эрозия кам шуда, сифати хок зарар намебинад ва захираҳои биологӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ягона нуқсони кишоварзии органикӣ арзиши баландтари маҳсулот бо нишони "органикӣ"мебошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз истеъмолкунандагон омодаанд, ки барои ғизои солим ва босифат малағи зиёдтар пардохт кунанд.
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакплулӣ ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ташнаи об болои дарахти чормағз”
Ба фурудгоҳи Хуҷанд боз имтиёз доданд. Воридоти чанд техникаву мошин аз пардохти андозу боҷ озод шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста