Воридоти чанд нақлиёт ва як қатор таҷҳизоту техникаи замонавӣ барои истифода дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз пардохти як қисми андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд.
Дар тағйироте, ки чанде пеш ба моддаи 15-и қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ворид гардид (қисми 18 илова шуд), воридоти 4 автобуси мусофиркашонӣ, 5 таҷҳизоти аксрезӣ, 1 нақлиёти махсуси боркунандаю фарорандаи худҳаракати дупалагӣ, 1 нақлиёти махсус барои коркарди зиддияхбандии ҳавопаймо, 2 нақлиёти махсуси зиддисӯхтории аэродромӣ ва 2 нақлиёти махсус аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 50% ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда шуд.
Маълум нест, ки арзиши умумии ин техникаву таҷҳизоти воридкунанда ва ҳаҷми маблағи андоз ва боҷи гумрукие, ки озод мешавад, чанд аст.
Ин бори аввал нест, ки ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд имтиёз дар шакли озод кардан аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ дода мешавад. Соли гузашта низ воридоти чанд техника барои ин фурудгоҳ аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуда буд.
Дар ин бора низ қарори ҳукумати кишвар дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷети давлатӣ дар моҳи декабр қабул шуда буд, ки дар асоси он таҷҳизоте, ки барои азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид мешаванд, 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пурра озод мегарданд.
Он вақт Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар назди вакилон гуфта буд, ки он “бо мақсади дастгирии молиявии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва дар ин замина, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва сайёҳон таҳия гардидааст”.
Соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд толорҳои навро боз карда буд.
Он замон гуфта мешуд, ки биноҳои фурудгоҳ бо зиёд аз аз 220 млн сомонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.
Озод кардан аз пардохт ва бахшидани қарзи андози корхонаҳо чӣ паёмад дорад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба чанд корхонаи давлатӣ ба ғайр аз озод кардан аз пардохти андоз, инчунин имтиёзҳои дигар, ба мисли бахшидани қарзи андози онҳо медиҳад, ки норозигии бархеҳоро ба миён меорад.
Аз ҷумла дар чанд моҳи охир, ҳукумат бо қарори махсус қарзи андози ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ), “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ), ҶСК “Пармакунии ҷанубӣ” (зиёда аз 1,3 млн сомонӣ), КВДС “Тоҷиксармоягузор” (ҳудуди 1,2 млн сомонӣ), “Кони ангишти Шӯрообод” (ҳудуди 367 ҳазор сомонӣ) бахшида буд.
Ҳамчунин, дар моҳи октябр қарзҳо аз андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи беш аз 43,6 млн сомонӣ (зиёда аз 4 млн доллар) то 1 апрели соли 2024 аз эътибор соқит карда шуда буданд.
Пештар аз ин қарзҳо аз андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд. Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.
Мақомот пешниҳоди чунин имтиёзу сабукиҳоро солимгардонии вазъи молиявӣ ва иқтисодии корхонаҳои давлатӣ маънидод мекунанд.
Вале иқтисодшиносони мустақил таҷрибаи бекор шудани қарзҳои андози корхонаҳои давлатиро нодуруст ва беадолатона шуморида, ин амалро як навъ “кумакпулии байнисоҳавӣ” ном мебаранд: дар ҳоле, ки барои як корхона пардохтҳои ҳатмии бузург бахшида шуда, дигарон барои хурдтарин таъхири пардохтҳо ҷарима мешаванд.
Баъзе коршиносон кайҳо боз зарурати бозбинии сохтор ва хусусигардонии минбаъдаи корхонаҳои мушкилдори давлатиро таъкид мекунанд, ки метавонад бори буҷетро кам кунад, инҳисори иқтисодро коҳиш диҳад ва рақобати кушодаро афзун ва ба рушди кишвар мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла, Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буданд, ки аз додани имтиёзҳои андозӣ ба баъзе корхонаҳо даст кашад, то ки барои ҳама шароити баробари рақобат фароҳам оварда шавад.
“Қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бори навбатӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд, вале зарари онҳо ба дӯши аҳолӣ меафтад”,-гуфта буд Баҳриддин Каримов, як иқтисодшиноси тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Зимнан, тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар соли 2023 ҳаҷми умумии имтиёзҳо аз рӯйи андозҳои дохилӣ 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки ба 34,3% аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети соли гузашта (17,3 млрд сомонӣ) баробар аст.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста