Дар вилояти Суғд миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истиқлол роҳи оҳан бунёд мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳи оҳан миёни ин шаҳру ноҳияҳо зимни мулоқоти раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн Хэ баррасӣ гардидааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дарозии умумии роҳи оҳан миёни шаҳрҳои Истаравшану Истиқлол бо ноҳияи Спитамен 171 км буда, дар назар аст, пас аз омӯзишу таҳлил бунёди он оғоз гардад.
Аммо дақиқи нест, ки натиҷаи омӯзишу таҳлил барои бунёди роҳи оҳан кай ниҳоӣ ва бунёди он кай оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки Чин яке аз сармоягузорони бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, чанде пештар бо маблағи ин кишвар ду бинои муҳими давлатӣ – Парлумон ва Ҳукумат бунёд гардид ва бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ. Ки пайвандгари маркази Тоҷикистон бо шимол аст, низ бо маблағгузории Чин бунёд шудааст.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста