Дар Тоҷикистон 88 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 49,6 млрд сомонӣ (4,7 млрд доллар) мавриди амалишавӣ қарор доранд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, онҳо аз ҷумла, аз 53 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грантҳо + қарзҳо) иборатанд.
Ҳаҷми умумии маблағгузории бебозгашт дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда ба 33,6 млрд сомонӣ (3,1 млрд доллар), қарзҳо - 14, 5 млрд сомонӣ (1,4 млрд доллар), ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон - 1,4 млрд сомонӣ (135 млн доллар), сарчашмаҳои маҳаллӣ (корхонаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият, ҷамоатҳо) - 83,1 млн сомонӣ (7,8 млн доллар) баробар аст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи ин лоиҳаҳо 2,9 млрд сомонӣ (273 млн доллар) маблағҳо азхуд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар нимсолаи аввал ҳудуди 9,6 млрд сомониро ташкил додааст, ки 15,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (воситаҳои асосӣ), аз ҷумла маблағгузорӣ ба сохтмони бинову иншооти нав, таъмиру навсозии корхонаҳои амалкунанда, харидории мошину таҷҳизот, асбобу лавозимот, анҷоми корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва дигар хароҷот мебошад.
Дар сохтори маблағгузориҳои асосӣ 45,3%-ро маблағҳои давлат, 34,8%-ро хусусӣ, 19,3%-ро сармоягузориҳои хориҷӣ ва 0,6%-ро маблағгузориҳои муштарак ташкил медиҳанд.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста