Бисёре аз сокинони Тоҷикистон дар пешорӯи фасли сармо бо афзоиши назарраси шумораи электромобилҳо дар кишвар аз вазъи мавсимии камбуди нерӯи барқ нигаронанд.
Камбуди неруи барқ дар фасли тирамоҳу зимистон барои аҳолии ҷумҳурӣ кайҳо боз як падидаи маъмулӣ шудааст. Одатан шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар бо барқ таъмин мешаванд, аммо сокинони деҳот, ки зиёда аз 70% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар фасли зимистон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 8-9 соат барқ мегиранд. Ба ҳар ҳол, фасли сармои гузашта чунин ҳолатҳо ҷой доштанд.
Маҳдудият дар таъминот бо барқ дар Тоҷикистон ҳар сол охири моҳи сентябр ё аввали октябр оғоз ёфта, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад. Бекор шудани ин маҳдудиятҳо ба шароити мусоиди обуҳаво ва болоравии маҷрои оби дарёи Вахш вобаста аст.
Камбуди неруи барқ дар фасли сармои ояндаро дар Вазорати энергетика ва ширкатҳои энергетикии кишвар истисно намекунанд.
Мувофиқи маълумоти ҶСК "Барқи тоҷик", обанбори асосии кишвар – Норак, ки силсилаи неругоҳҳоро дар дарёи Вахш (7 нерӯгоҳ ва ду агрегати неругоҳи “Роғун”) бо об таъмин мекунад, ҳанӯз аввали моҳи августи соли равон то сатҳи ниҳоӣ (910 метр аз сатҳи баҳр) бо об пур шуда буд.
Дар ин ширкат зикр карданд, ки агар зимистон сард ояд, масрафи об бештар мешавад ва бинобар ин, лозим меояд, ки дар истифодаи неруи барқ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.
Ғайр аз ин, дар "Барқи тоҷик" изҳор доштанд, ки ҳар сол дар натиҷаи афзоиши теъдоди аҳолӣ ва шумори корхонаву ташкилот, талабот ба нерӯи барқ дар кишвар ба ҳисоби миёна 9% афзоиш меёбад.
Истемолгарони иловагӣ
Раванди ба истифодаи барқ гузаштани нақлиёти автомобилӣ баъди аз баҳори соли 2022 ба муҳлати 10 сол озод шудани воридоти электромобилҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба таври назаррас суръат гирифт.
Ғайр аз ин, шаҳрдории Душанбе ба ширкатҳои таксӣ дастур дод, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи электромобилҳо гузаранд. Қарори мазкурро раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 4 июни соли ҷорӣ ба имзо расонид.
Як сол пеш Барномаи рушди электромобилҳо дар Тоҷикистон то соли 2028 қабул шуд, ки дар он истеҳсоли чунин нақлиёти барқӣ дар дохили кишвар, инчунин банду басти аккумуляторҳо пешбинӣ шудааст.
Қаблан Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофирбар барои солҳои 2023-2026 қабул шуда буд.
Ҳадафи асосии қабули ин ҳуҷҷатҳо коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера тавассути васеъ кардани истифодаи мошинҳои аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин кам кардани вобастагии кишвар аз сӯзишвории воридотӣ мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, то 1 июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 9104 электромобил ворид шудааст, ки аз ин миқдор 3500-тоаш ба сифати таксӣ кор мекунанд.
Ронандагони таксӣ мегӯянд, ки дар як шабонарӯз дар давоми 10-12 соати ҳаракат ба ҳисоби миёна 40-50 киловатт-соат неруи барқ сарф мекунанд.
Қисми боқимондаи электромобилҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ ё корӣ истифода мешаванд ва мутаносибан, нисбат ба таксӣ камтар ҳаракат карда, аз ин рӯ, истифодаи барқ ҳам дар онҳо бамаротиб камтар аст.
Аммо ҳатто агар ҳамаи электромобилҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ (агар то охири сол ба 10 ҳазор адад расанд ҳам) дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 50 киловатт-соат нерӯи барқ истифода баранд, ҳаҷми умумии хароҷоти онҳо 500 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ин ҳамагӣ 0,8% аз ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, иқтидорҳои мавҷудаи кишвар (иқтидори умумии ҳамаи неругоҳҳои кишвар – тақрибан 6 ҳазор мегаватт) имкон медиҳанд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна зиёда аз 60 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шавад.
Аз ин рӯ, инфрасохтори нақлиёти барқӣ (электромобилҳо) ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ сарбории зиёд намеорад.