Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад.

Ин пешниҳод рӯзи 4 феврал дар шаҳри Кувайт зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувайт Сауд Ал-Сабоҳ садо дод.

Тавре ки дар сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, дар робита ба ин аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла энергияи сабз, инфрасохтори авиатсионию сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ, лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Гуфта мешавад, дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва таҳияи механизми амалишавии лоиҳаҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ба ҳайати Тоҷикистон, ки бо сафар дар Кувайт қарор дорад, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода (роҳбари ҳайат), сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдзода, муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Худобахш, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода, мудири бахши хориҷаи дури Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Баҳодур Рамазонов шомиланд.

Ҳамчунин дар ин ҳайат муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода, муовини директори Агентии содирот Абдуғаффор Ҷамолзода, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷовид Икромӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ёрибек, инчунин сардори шуъбаи Африқои Раёсати Ховари Миёна ва Африқои ВКХ Низомҷон Шарифзода ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои ҳайати расмии Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Кувайт идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар изҳори омодагӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон маблаггузорӣ менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.